Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ҳамеша ҳосили иқболи ман бувад идбор.
Макун шикоят аз ин чархи нилгун, Туғрал,
Ки нест ғайри тазаллум бар ин сипеҳр мадор!»
«Эй туғрали осмонӣ! Як пар аз фалак андоз, то тар карда ба хуни дил, «Ҳолнома» нависам! Вагарна касе надонад, ки Туғрали доно «чӣ поймол шудааст зери пойи бешуурон!»
«Эй фохта, аз баҳри худо, баъди вафотам,
Як бор ба сарманзили ман омада гў: «Ку?!»
«Ку?» бигў! «Куҷо рафт?» Бигў! Туғрали баландпарвозро кӣ тир зад, ки шикастабол дар хуни хеш оғишта гаштааст? Бигў! Бигўй, ки Туғрал мурданӣ надорад, ҷойи ў болойи сари мост. Баланд парвоз мекунад. Моро ҳушдор месозад. Нигаҳбонӣ мекунад; мабод, ки балое аз Осмон борад; аз зери Замин барояд, кўҳистониёнро забун созад! Мабод ки адўе то саргаҳ расад, шаранг ба об резад; ҳалоҳил хўрда, аз тухмайи Спитамону Рўдакиву Донишу мо тухме намонад! Мабод! Агар бо куштани ман дунё ором шавад, кину ҳасаду хусумат, ғаммозиву дасисабозӣ, бадгўйиву бадкирдориву бадхоҳӣ поён пазирад; бадсириштон ва зиштрўён хубрўй гарданд...
ва бад нек шавад, зудтар бикуш маро!!! Ҳайҳот: «кулли явмин батар!» Бо мурдани ман замин сер нагардад. Рўшан ҳам нест, ки маро ба хок супоранд ё ба рег? Рўйи тобасангҳо? Ва ё афкананд аз сари шаху бора ба зову варта ё ҷаҳаннам?.. Зоғу заған хўрад? Ё шояд ин бедиёнатон сўзонанд. Ба ҳар тақдир ман ба қаъри замин намеравам... Бисёр ҳиммат кунанд, шомӣ мегўронандам. Баройи ин маро озор додан ҳоҷат надорад. Бисёр озор кашидаам: «Эй ёр, агар ёри манӣ, дар силки ағёрам макун... Бисёр озорам макун!»
Чунин низ ҳаст, ки тирро ба мурғи баландпарвоз меандозанд, то дургир будани чену қолашонро донанд. Мурғи хонагиву қафасбандро ҳоҷат ба тир набувад. Бо даст ҳам доштан имкон дорад. Лек туғрали самогардро на баройи хўрдан мезананд; баройи парвози баланди рашковараш мепарронанд, ки чаро дигарон чун ў самогир боло рафта наметавонанд. Боз баройи чанголи гирояш, пихи сахту тези устухон гаштааш, то андар рави гаҳворайи кўдак рў ба рўйи чашмаш кашол кунанд, ки аз балоҳо нигаҳ дорад. Ҷавононро бозубанд мекунанд, то қавибозуву шоҳинчангол гарданд... Эээй! Ту мурғи осмонӣ! Баландтар баро! Шоҳини ман!
Устоди ман! Чаро мо тезгир мешавем? Аз он ки худогир шавем, балогир ё бўҳтонгир мегардем! Ё шояд, ҳар оташе, ки тез вағғад, зуд хомўш гардад?
- Бадбахтӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор