Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ҳама андешаҳойи шоирро пароканд. Бо таассуф сар афшонд, ки Гули Бодомро сайде аз сари бора ё шахе паррондааст ва аллакай каргас пайдо гашта, ҳамин замон каргасрез мешавад. Ба сарҳанги якраву баддил нишон медиҳад, ки дар зери чархболи ҳамон парранда бувад асп. Аммо парвозу гардишаш ба каргаси лошахўр монанд нест. Туғрал – бозро монад. «Ин ҳамон аст, бегоҳ сари шах нишаста буд. Аз хатаре дарак доду мо пайхас накардем...
Шабҳангом шум омад овозаш; чуғзона...» Вале Туғрал бовар накард, ки қазо ин қадар танг омадааст.
«Котиииб!!!»
Садойи баланду пуризтироби Шатенин риштайи хаёли Туғралро бурид.
Котиби дар лаби об дастурўйшуста, бо сойиду бозу оби рўйро пок карда пеш омад.
— Қарори «Тройка»-ро барор!
Туғрал як қад парид. Лек дар лабаш табассуми ҷонбаромад буд:
«Қазо ба рўйи мани мустаманд басту кушод Дари ҳузуру ҳаловат, дари ғаму озор!»
Нерўе дар танаш омад, ки кўҳро чаппа кунад. Аммо аз ҷой наҷунбид, ки марг беҳтар бувад аз он ки ба гўши харон азон гўйӣ.
Чизи дигар гуфтанӣ шуд:
«Раҳм намо, зомини хунам машав,
Туғрали моро, ки ҷаҳон хунбаҳост!
Кўҳ бувад гарчи ба Туғрал ватан,
12
Дар ҷабали назм шигарф аждаҳост.»
Худ аз худ хориаш омад, ки чаро ин қадар омўхтаасту андўхтааст. Ба кӣ лозим будааст ин ҳама? Сари дилаш пур шуд.
Мехост пеш аз ҳукм баровардани онҳо дилаш чунон таркад, то кўҳро ҳамроҳ тарконида ба сари номусулмонҳойи худобехабар резонад, ки бе ҳеҷ гуноҳ, бо тўҳмату дасисаву иғво хуни ў рехтан мехоҳанд:
«...Васияти мани дилхастаро қабул оред:
Рақам кунед ба лавҳам, ки «анта ошиқи зор!»
Куҷо зи хоки мазорам дамад ба ҷуз лола?
Зи баски доғи дили ман бувад бурун зи шумор!
...Аз он ки толеъи бад ҳамраҳи ман аст ҳар ҷо,
- Кўҳ.
- Зўр, аҷиби шавқовар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор