Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Бо ин қадар болоравиҳо ақлу фаросотам нарасид, ки дори баланд қуръайи фоли бади маро миёни ин лашкар андохтааст. Чаро?
Фаҳм накардам. Лек Мулло Раҷаб лаби оби ороми Сияҳоб гуфта буд: «Бебало набувад якпоя истода маҷбуран ба фавҷи ношинос ҳамроҳ кардани шумо». Гўё ман ҳама чизро медонам, ҳама касро мешиносам ва аксулинқилобчиён ба ҳарфи ман гўш медиҳанд. Ҳол он ки бо онҳо рў ба рў нашуда камон рост мекунанд ба дилам...
Гўйӣ шоир ҳукм ва хавфи қатлро фаромўш кард ва андешааш бар он рафт, ки аз устод Рўдакӣ то Шоҳину ў некиву накўкориро тарғиб мекунанд, аммо ҳама чиз баракс мешавад. Ва якбора ҷунбишу ташвиши аскарони сурх инони андешайи ўро дигаргуна кард: «Тройка» ба инҳо чӣ дахл дорад? Як даста аскари фиристода.
Ҳукм баровардан ба ҷазойи ман на кори ўст. Дигар ин ки ман сарбози ў нестам. Ҳамроҳ. Худашон талаб карданд. Пас чӣ гуна ў тавонад ҳукми зиндаву мурдайи маро барорад? Ба кӣ гўям? Як нафар роҳгузар ҳам нест, ки ба ҳокими Фарғар расонад аҳволи маро... Худоё! Чаро дунё чунин сохта шудааст? Монанд ба иморатсозийи кўҳистониён: парер бобо сохта буд, хароб шуд; дина падар сохта буд, вайронаш карданд; имрўз ман бино кардам, шикастанд; ояндагон созанд, месўзанд. Аз ин рў ин бинойи азим
– Гетӣ чунин сохта шудааст: то устоҳо, созандагон, меъморон ва бошандагон ҳама умр сарсону овора ё машғулу банд ба кор бошанд. Қасрҳойи каёниву шоҳаншоҳиву шоҳӣ ва амириву бекиву мирӣ низ хароб гаштанд; аз баъзе ном мондааст, аз бархе пайҷо.
Болшевикиаш чӣ гуна мешуда бошад? Албатта чунин будагист
– монанди кору рафторҳойи Шатенин. Неее... Ин кас ё ҷосус аст ё хойин! Аммо ман инро ба кӣ гўям. Одами росту руси тоза ин хел намешавад. Аз нияти бадаш рўяш чанги хокистар гирифтааст.
Нигоҳаш дуздона. Андешааш бегона... ва бисёр чизҳойи номатлуб, ки хоси инсони хуб нест... Киро гўям? Аз ман хавф дорад, ки каси зирак аз ранги рўяшу нигоҳаш пай мебарам, ки хубиву хубкорӣ надорад. Агар маро нобуд насозад, бояд нобуд шавад. Гўё ман мефаҳмонам ба дигарон, ки чӣ касест. Баъди сари ман ҳам худ аз худ маълум мегардад. Лек дер мешавад.
Инак мани гунаҳгори бегуноҳро ба душманӣ айбдор карданӣ.
Душмани эълоннашудаам ҳукм мебарорад. Инаш маълум: «Тройка» чӣ ҳукм мебарорад ҳама медонанд. На! Бояд ҳукмро худам барорам. Онҳо душманӣ доранду маро душман мехонанд. Агар ман душманам, хойинам, бо чунон нияти поку дили софе, ки ба ояндайи нек дорам, ҳукми қатламро бояд худам барорам. Аз куҷо пайдо кард ин ҷосус чунин тўҳматро? Агар ман одами нобоб будам, Ҳукумати Советӣ маро баройи басандаву сулҳу салоҳ кардани балвойи Оббурдон намоянда намефиристод. Миёни аксулинқилобчиёни Масчоҳ рафта мақсаду маром ва хубиҳойи ҳукумати тозабунёдро шарҳу эзоҳ намедодам. Имрўз рафтори командирро дида умедамро кандам, ки пешомад хубие надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор