Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Шарифа ҳангоми аз роҳи паси девор гузаштанаш ин ҳодисаро дид ва яқин кард, ки кори Норист. Момо бинад, мегўяд. Момои гирифтори андешаҳо ба ин чиз эътибор намедиҳад, бегона медонад, ки чӣ шумтолеъ аст ин тифл. Меравад пасттар, рў ба рўи хонақоҳ қарор мегирад; даст ба дуо бардошта, ба қисмати Зуҳур омини чаппа мекунад – пушти дастон ба рўй мекашад. Гўшаи чашм ба сари девор карда, чизеро ҷўё гашта, гирди деҳа меравад. «Илоҳо аз сари асп паррӣ!» дуо мекунад Зуҳурро ва медонад, ки сухани ҳавоӣ суде надорад. «Агар Бурҳон мебуд... аз дасти ин тифлон коре намеояд».
Кўдакҳо ўро масхара мекунанд: аз сари деворҳо, аз роғи дарвозаҳо, аз пушти бомҳо ба вай ҳар ранг нағмаҳо менамоянд, ҳар гуна сухан мегўянд, чунон ки ба девонагон. Ў лаб мегазад, алам фурў мебарад, сар меафшонад, буғзи гиря фурў медиҳад – сабур бояд буд. Атрофи деҳаи хурдро, ки дар як соат гирд гаштан мумкин аст, соатҳои зиёд давр мезанад, ҷуз масхараи кўдакон чизе намебинад; ҳатто дугонаҳои ҷамолакиаш омаданашро бинанд, худро паси девор ё пушти дарвоза кашанд ё роҳ дигар кунанд.
Шарифа заҳрханда кунад дар чунин ҳолатҳо ва чашми чапашро сахт фишурад, ки дар куҷои дилаш тораке канда шуда озораш медихад. «Ха-а-айр, мегузарад.» Шалпар мешавад ва хаёл мекунад, ки корди зери остин вазнин аст, онро бояд афканд. Қасду қасос аслиҳаи одамони нек набувад, Худо қасос биситонад... Вале мебинад, ки аз он қадар илтиҷо мурод ҳосил намегардад – Худо ба Зуҳур каромоташро нишон намедиҳад, ба хулосае меояд, ки ба умеди касе ё тасодуфе шудан нашояд.
Шарифа корди аз усто Қодир мондаро ба латтае печонд ва миёни кўрпаҳои тахмон гузошт ва тасмим гирифт, ки дигар кўча набурояд; буд-набуд зўраш ба Зуҳур нарасад ва агар писараш Бурҳон ояд, роҳи хонаро медонад. Ин кор ҳам ба хости ў нашуд:
дар деҳа миш-миш карданд, ки Шарифа ба дарде мубтало гашта, аз хона буромада натавонад; писарон занҷирбанд ва дар оғил ҷой кардаанд. Шарифа шунид ҳарфҳоро ва худи ҳамон лаҳза дар кўчаҳои деҳа пайдо шуд. То ғуруби офтоб рў ба хонақоҳ истод.
Ягона касе, ки ҷуръат карда аз ў пурсид, кампири Моҳбӣ буд:
— Рўзи дароз дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ, Шарифа?
— Роҳи Бурҳонамро мепоям.
— Меомадааст?
— Меомадааст.
Вале он рўз Бурҳон нею Зуҳур омад. Зуҳур аз ҷониби дашти Дупула ҳамроҳи савори шапкапўше омад, ки Шарифа чизе гуфта натавонист, балки ҷониби хонақоҳ гурехт... Паҳлўи хонақоҳ бозистод ва бо гўшаи чашм нигарист, ки Зуҳур дами дарвоза аз асп фуромада, лаҷоми аспи меҳмонро медорад ва рикоб пахш мекунад, то меҳмон аз зин зер шавад. «Нобакор!» худ ба худ гуфт Шарифа ва рўй ба гўристони пушти Боғи Гарон овард: «Нобакор...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё