Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оча!?
— Ҳа!
— Оча!?
— Чӣ мегўӣ? Зан гирифта те, мегўӣ?
Ў дигар чиз гуфтанӣ буду модар дигар чиз фаҳмид. Гапгардонӣ накард. Намехост, ки яки модарро ду гўяд. Баъди ин модарро аз занҳои оддӣ намедонист: шоҳзан, балки аз он ҳам зиёд – Модархудо: тахтнишин, боэҳтиром, тоза озода, покиза ва наҷиб...

ШОХОБ

Шарифаи сияҳпўш гирду домони деҳа мегашт, то чизи гумкардаашро дарёбад. Мегашту мегашт, аз деҳа поёнтар, рў ба рўи Хонақоҳ, ки Бурҳонро дар ҳамин ҷо видоъ гуфта буд, қарор мегирифт ва рў ҷониби хонаи хурди сари шахча даст бардошта, Зуҳурро дуои бад мекарду писараш Бурҳонро дуои нек. Зеро Зуҳур одам монда аз кўҳ Бурҳонро дошта омад; бо духтарам муросо бикун, гуфт. Бурҳон напазируфт ин ҳарфро, аз паи падар бифиристод ўро. Инак модар вақту новақт ин ҷойҳо мегардад ва зери остин корд дорад. Медонад, ки Зуҳур ин роҳро савора ё пиёда мегузарад.
Дарафтиданист Шарифа. Вале нияти ўро пай бурдааст ва ё касе фаҳмондааст, ки намегузарад – мор.
Чунин рафтори Шарифаро мардум ба девонагӣ бароварданд:
васвос шудааст, дилаш буғз мекунад, дар хона шишта наметавонад, гуфтанд. Ҷўраву Сангин шарм аз гапи мардум карда, ўро ба гап дароварда, хона мебурданд: «Оча, Бурҳон бо ин роҳ намеояд, бо роҳи падарам омада меояд.» Ва модар «Меояд, бо ҳамин роҳ меояд» гуфта, ба эшон фаҳмондан мехост, ки ҳар рўз ба роҳбонии писар мебарояд. Аз хона рафтан саркашӣ мекард ва дуздида ҷониби боғи Зуҳур менигарист, ки гўрсўхта метобад ё на? Пайдо нест. Аз рўи гуфтаҳо – калон шудааст, моҳҳо меравад, масъалаҳоро ҳал карда меояд; пайдо шуда аз номи Губернияву Оқпошшо кору кирдоре мекунад ва боз ғайб мезанад.
— Хуб, ман дигар кўча намебароям... ту аз омадани Зуҳур огоҳ мекунӣ,– ба Ҷўра мегўяд модар ва ў ҳайрон мешавад, ки Зуҳур ба модар чӣ лозим аст.
— Писарчаи акомро талаб мекунӣ, оча?
— Ҳо... талаб аз ў зиёд аст...
Ва ҳамин талаб намеғузорад, ки Шарифа дар ҷогаҳ ором бихобад; аз хоби хуш парида мехезад ва корди зери сар мондаро зери остин зада, аз дарвоза мебарояд, то миёнаҳои деҳа мераваду боз ба худ омада, бармегардад; ягон кас мебинад ўро ва фардо овоза мешавад, ки Шарифа ақл бохтааст...
Рўзе тифли парпече аз сари девори Зуҳур боло шуд. Дасте онро бардошт, дошт-дошту бозгирифт ва дере нагузашта, боз бардошт.

пешина
аз 421
навбатӣ