Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Бачча ба оча нигарист ва оча ба бачча. Ҳамин лаҳза уқоби мурда ҷон дароварда, нимбисмил ба қаландаре табдил ёфт, ки зери дарахти чормағз латтапеч ва сару рўяш пурпашм буд... Модар домон аз сари Ҷўра бардошта хест ва ў мисли чўҷаи сафед аз зери боли модар озод шуд. Ва ҳайрону пуршигифт ба модар нигарист, ки чаро ў ин қадар ба ин паррандаи сиёҳи даҳшатбори бол кушода хобида бо меҳр менигарад. Ҳол он ки ин мурғи қавиминқори тезчанг ба қасди ҷони ў аз осмон омада буд.
— Чаро ба ин мурғи безеб ин қадар дилсўзӣ мекунӣ, оча?
— Ин мурғ не, дурусттар нигар!
Модар аз як нўги боли уқоби ноҷунбон дошта, бардошт. Уқоб на танҳо ҳаракат накард, балки параш ба дасти ў монду боли урёнаш ба замин бархўрд. Модар шикастадил парҳои дасташро рўи боли урён гузошт, пўшонд ва андаке паҳлў гашта, аз куртаи кўтоҳи писар дошта, поён кашид. Домони кўтоҳи Ҷўра ёзида то зону омад.
— Рафтем! – воҳимаангез будани уқобро пай бурда, бо ҳарос хест модар. Чун онҳо аз рахнаи боғ даромаданд, садои «чу!» гуфтани мурғе баромад. Баргашта диданд, ки уқоб ҷон гирифта, пару бол бароварда, аз замин бархоста, ба ҳаво рафт.
— Маро пинҳон бикун, оча, уқоби сиёҳ мебарад!
— Осуда бош, вай хабаргирӣ омада буд, рафт...
Ҷўра бовар накард. Ба модар ҷафстар шуд ва дуздида ба тори шах нигарист, кўшки зеборо тамошо мекард.
— Мехоҳӣ, ки бар он тахти баланд нишинӣ? – нигоҳи ўро пай бурда пурсид модар. Писар ризоманд сар афшонд. Модар аз дасти ў гирифт: «Биҷаҳ!» Писар ҳайрон буд, ки чӣ гуна биҷаҳад. – «Ана ин хел! Вазн бар пой биандозу биҷаҳ!» – Писар чунон кард, ки модар фармуд. Ҳар ду бар ҳаво шуданд ва бар тахт нишастанд.
Модар кўдакро тахтнишинӣ омўхт ва худ ба он ҷонибе, ки уқоби сиёҳ парвоз карда буд, бол кушод.
Ҷўра дергоҳ нигарон истод, ки модар бармегардад, аммо аз ў дараке нашуд... Гардан ёзида, ба пас нигарист ва модарро дар ҳамон аҳволи табиӣ дид, ки либоси азо бар тан, бо доси кундак дар боғ алаф медаравад.
...Садои дуову санои модар баромад, ки касе озораш додааст.
Ва ин садо ўро бедор кард, аммо дергоҳ чашм накушод. Хоби зебое дида буд, намехост зебоиро гум кунад, ҳарчанд уқоби сиёҳ чандон нафоридаш.
— Одам ин қадар серхоб намешавад! Хоб кунӣ, аз файзи саҳар мемонӣ! – Ҷўра пай бурд, ки ин суханон ба ў равонаанд, вале хестан нахост.– Э, хез-э! Мардаки каппа-калон шуда, то ними рўз хоб мекунӣ? Гов аз пода мемонад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё