Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дур шуду дур ва ба осмон часпида, ситораи тобон гашт. Инак Ҷўра ягон ситораро бо ин ситора баробар намедонад, бадал намекунад.
Баробари сўйи осмон нигоҳ кардан онро мешиносад ва аҷибаш он ки ситора дар рўз ҳам метобад – ситораи Тобон... Модар дар токи шах ангушти ҳайрат мегазад ва гардан каҷ карда, сўйи ситора менигарад, ки маҳбубаш ин қадар баланд рафта ва аз он баландии дур ҳам равшан тобад... Ў низ бол афшонда аз кўшк бар ҳаво шуд, то сўйи ситора бол афшонад. Аммо зўру мадораш нарасид.
Бол афшонду бол афшонд, боло рафту фуромад, пар-пар заду гирд гашт; деҳкадаро хуб тамошо карда, зўри сўйи осмон рафтан наёфта, боз ба кўшк баргашт, боз Малика шуд ва боз андар дари кўшк фариштасурат истод...
Ҷўра оҳиста-оҳиста пеш омад, пушти боғ гузашт ва ба кўшки баланд нигарист, тоқӣ аз сараш афтид. Вале модар ба дигар тараф нигоҳ мекард – ба фазое, ки уқоби сиёҳ парвоз карда рафта буд.
Яқин хафа буд, ки чаро усто ўро ҳамроҳ набурд; усто моҳ-моҳ устоӣ рафта, Шарифаро ҳамроҳ намегирифт. Зан хафа намешуд, аммо ҳоло ғамист, ки усто набурд. Вале Ҷўра шод аст, ки модар ҳамроҳи он уқоби сиёҳ нарафт ва инак абад-уд-даҳр дар он кўшки барин мисли Модархудо мемонад ва мардум ба чунин баландӣ расидани ўро шунида, ба зиёрат меоянд ва ё ба тамошо.
«Оча-а-а!» – садо кард Ҷўра, аммо садояш ба он баландӣ нарасид. Ба назараш кўшк баландтар тофт ва овози пасту тифлонаи писар то ба он ҷо нарасид ва худи ў ба як тифли навқадам табдил ёфт. Ў ҳайрон буд, ки чаро очаи меҳрубон садояшро намешунавад, сўяш наменигарад. «Фуро, оча! Нафуроӣ, уқоб мебарадам!»
«Кў уқоб? Кадом уқоб?» – сар хам карда, гардан ёзида, пурсид оча ва дид, ки чӣ зайл хурди хурд гашта, то ноф куртача дораду эзор на.
— Фуро, оча! Уқоби сиёҳ сўи ман бад-бад менигарад.
— Ин ҷо биё!
— Пару бол надорам, оча!
— Осон: дастонатро кушо, бол барин афшон...
Писар ҳарчанд даст кушоду афшонд, нашуд.
— Намешавад, оча!... Уқоб!
Ва модар дид, ки уқоби сиёҳ аз авҷи фалак сангосо лўнда гашта, сўйи бачча меояд, худро аз сари кўшк сўйи писар андохт. Домони куртаашро бод мисли сабади сарнагун сохта, модарро намегузошт, ки ба замин парчин гардад, балки оҳиста-оҳиста фаромад ва ў ҳамон зайл то сари кўдак омада, ўро зери домон гирифт...
Уқоби сиёҳ, ки пўшида шудани рўи кўдакро дид, андаке роҳашро дигар карданӣ шуд, аммо натавонист; санг, ки гашта буд, пару бол кушода натавонист. Ба лаби домони модар ва санги сиёҳ бархўрда, ҷо ба ҷо мурд... Ва боз ҷон гирифт: болҳояш ба ду ҷониб кушода шуд, даҳонаш боз, забонаш андаке намуда, оғиштаи хун гашт; чашмонаш ҳоло зинда буданд, сўйи онҳо илтиҷо доштанд.

пешина
аз 421
навбатӣ