Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

падар мурда... Аммо Сангин сар меафшонад, ки ба падар гап гузаронида нашавад. «Ту донӣ, ки чунин мард дар музофот нест, чун ба ў гап гузаронӣ?» Розӣ мешавад Ҷўра, аммо қаноат намекунад... Онҳо аз новаи боғ баромаданд, Новаи Сурх рафтанд. Ҷўра ҳайрон, ки чаро падар модарро ҷониби ҳамвориҳо, шаҳрҳо набурда, ҷониби кўҳҳо барад... Онҳо дур нарафтанд. Пушти боғ бозистоданд ва ҷониби шахи Сафед нигариста имову ишораҳо карданд. Ҷўра низ он сў нигарист ва ҳайрон монд. Ба Сангин низ шахи Сафедро намудан хост. Сангин набуд.

Аввал ба назараш дар токи шах лонаи уқоб тофт. Бодиққат нигарист, ки лона ба як тахти шоҳӣ бадал шуд, ки гўё махсус сохта, бароварда он ҷо часпонда бошанд. Ҷўра ба рафтору хушҳолии онҳо эътибор дод: падар масрур буд, ба модар ишораҳо карда чизеро мефаҳмонд, ҷониби шах даст ёзонд. Пасон дастон болсурат ба ду тараф кушода, афшонд ва ба модар низ фармуд, ки чунон кунад. Чунон кард. Падар уқобвор ҷаҳид. Пойҳояшро аз замин канда, ба фазо парвоз кард, тори сари модар пар-пар зада, ба Шарифа фармуд, то ў низ нарвоз кунад. «Натавонам!» гуфт Шарифа ва ба фармуди падар паррандавор вазн бар пойҳо андохту ҷаҳид ва пару бол бароварда, дар ҳаво шуд, ҳамболи усто гашт.
Онҳо мубаддал гаштанд ба ҷуфте парранда. Падар уқоби сиёҳ буд ва модар уқоби сафед. Ҷўра то алҳол чунинашро надида буд.
Онҳо аввал хуб болои Новаи Сурх давр гаштанд, Муддаои табъ рақсиданд, шодмонӣ карданд, ғубори дил бароварданд ва хаста шуда, ба кўшки тори шах рафтанд, бозӣ доштанду ханда... гўё Бурҳонро гум накарда бошанд...
Ва яке уқоби сиёҳ аз кўшк парид ва дар фазо давр гашт; мечархиду мегардид, пар-пар мезаду болҳо рост медошт ва аз боло сўйи замин менигарист, гардан ёзида, чашм кушода, якрўя сар тофта, ба замин менигарист ва боз пар-пар мезад, боз гирд мегашт, боз суръат мегирифт; болҳояш ба сурати панҷа гашта, роғҳо метофтанд. Мечархиду мерақсид, гўё барои Шарифа. Ўро ҳамчу маликаи хубон тори кўшки баланд нишонда, ба ў ҳунар менамуд, чунон хунар, ки касе ёд надорад. Давр мегашту чарх мезад, парпар зада, ҷониби кўшк мерафт ва Маликаро бод дода мегузашт ва Малика ба дари кўшк омада, на ба нозу адову таманно, балки бо як салобат, бурдборӣ ва зебойӣ аз он баландӣ сўйи деҳа менигарист, ки русто чӣ ҳол дорад, усто барои ў чӣ ҳунаре нишон медиҳад, чунон ҳунар, ки дар бадали бисту ҳашт соли ҳаёташон чунин санъатварӣ накарда. Ба ў мегуфтанд, ки шавҳарат хунарманд аст, дасташ – гул, аз чўб одам месозад... инак ба чашм дид, ки ў мўъҷиза меофарад: аз одам парранда сохт... Баногаҳ парранда аз назарҳо дур шуд, чунон дур, ки ба авҷи фалак баромад.

пешина
аз 421
навбатӣ