Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

наход надонӣ, ки оқибати ин даву тозҳо чист? Ана, ана ҳамун як мушт хоки баланд, ки он ҳам оҳиста-оҳиста ба замин яксон мегардад.»
Буми кўр магар аз пичирроси ў огоҳӣ ёфт, ки худро пуршаст аз кафтарнишини айвони хонақоҳ сангосо ба замин андохт ва ба замин нарасида, бол кушода, парвоз карда, аз назар ғоиб шуд.
Шарифа ба сангдевори хонақоҳ такя зада, рў ҷониби хонаи Зуҳур нишаст ва зеҳн монд, ки онҳо чӣ кор мекунанд.
Зуҳур меҳмонро рўи боғ давр занонда, чиҳоеро фаҳмонд ва оҳиста-оҳиста ба болохонаи бинову таманно монда сохтааш буровард. Шарифа низ дид, ки Забури девона сагвор аз дунболи онҳо кашола шуда, назди зинапоя қарор истод ва ду чашм он ҷо дўхт
– ба дари болохона. «Пайдо шудааст девона» аз дил гузаронд Шарифа ва дурудароз нишаст, ки чанд бор Зуҳур барои меҳмоннавозӣ аз болохона поён мешаваду боло ва писари фисини даҳонялааш чӣ зайл ба ин сў – он сў гузаштани ў халалгор мегардад... Ҳама кирдори эшонро мушоҳида кард ва фурўрафти офтоб бархосту доман афшонд: «Имрўз ҳам наомад.» Бурҳонро дар назар дошт ў. Зеро дилаш гувоҳӣ медод, ки меояд.

Ў бозистод, миёни майдони бузкашӣ – дар Санглохи байни хонақоҳу боғи Зуҳур худ аз худ пои рафт боздошт: «Магар бо оташ бозӣ намекунам? Даст сўйи мори афъӣ намеёзам... Не, медонам, ки бо думи шер бозӣ мекунам... Лекин ўро ба ҳоли худ намемонам... оташ бошад ҳам, мор бошад ҳам, думи шер бошад ҳам, ҳамту намемонам.» Азм кард ў. Ба хаёл рафт, ки ягон роҳи қасос намедонад...
...Шарифа боз дар шохи хами тути марвориди Чилламазор як латта баст. Ў мисли дигарон кўдаки бемор наовард, чалпак напухт, «бўй» набаровард, балки пешонибандашро кушоду дар шохи дарахт баст ва дуру дароз ба латтапораҳои рангаи шохҳои урён дида дўхт; гўё мешумурд онҳоро, гўё ҷудо мекард рангҳоро; боз барои он менигарист, ки ҳамчу гўр наву кўҳна буданашонро фарқ кардан мумкин бошад. Латтапораҳои ранга алвонҷ мехўрданд аз бод. Қўҳнаву фитшуда буданд аз офтоб, борон ва мурури замон; аз яке гиреҳ монда буд, аз дигаре пай. Шохҳои қадрасу гирдогирди тут латтапораҳо буданд... Шарифа аз кори кардааш хавф бурд, ки касе ин кори ўро дида бошад, мегўяд, ки Шарифаи девона бе бўю таф дар шохи тути Чилламазор латта баст.
Шарифа дар шохи тут латтаи ният баст ва сўйи Тангно раҳ сипарид. Пушти дарвозаи Офтобхони бихалифа бозистод. Хеле истод, бихалифаи мактабдорро пеши назар овард; китобхониву маънидод карданаш, аз пайдоиши оламу одам ҳарф заданаш, баду некро ҷудо карданаш пеши назар омад ва ҳалқа ба дарвоза кўфт.

пешина
аз 421
навбатӣ