Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Амри Ғафур-оқсақол буд. Магар ҳамин амрро нигарон буданд, ки дамбадарун шуданд. Акнун нафаскашийи якдигарро мешуниданд. Аз дами дар хур-хури хобидае баромад. Ҷойи нишасти Валӣ буд. Такя ба девор зада, хур-хури дурўғин мекард, то ёрон чӣ гўянд дар ҳаққаш. Касе чизе намегуфт. Шояд аз он ки хобпар нашаванд ва ё гирифтори маломати ёрон нагардад. Лек чунин ҳол дер давом накард:
«Ин ғариб ба ҳеҷ чиз чида намекунад...»
Валихўҷайи бедор шунид ҳарфи Мирзохўҷаро. Аммо хур-хурро қатъ накард.
«Ором шавед, зоро хобамон барад». – Паст баромад садойи оқсақол.
Танҳо Бобоҷон нафас намебаровард. Гўё нафас барорад, хона метаркида бошад. Нафасро андарун дер медошту сонӣ фис-фис – дошта-дошта мебаровард ва даҳон кушода боз нафас мегирифт.
Мирзову Ғафур-оқсақол ҳам орому хомўш шуданд.
Валихўҷа ноором буд. Аз хур-хур монда, гўё ба худ омад. Ё аз хурроккашиаш шарм карда, дам ба дарун гирифт. Дар асл меларзид. Тамоми устухонҳойи шахшудааш ба ҳам бархўрда, садо мебароварданд ва дандон ба дандон мезад. Дар чиллайи зимистон ҳам чунин нашуда буд. Мазмун, сахт тарсидааст. Чунин ҳолат ва садоҳоро танҳо худаш дарку эҳсос мекунад ва гўшҳойи ў мешунаванд. Дар назараш пайвандҳо аз ҳам ҷудо гашта, боз ба ҳам омада – бархўрда садо медиҳанд. Танаш аз зарбу зарабон ба ларза меояд. Танҳо фарёд заданаш монда. Валихўҷа чунин нозукиро хуб медонист, ки уротеппагӣ набояд ин корро бикунад.
Дар Масчоҳ ҳам роҳ намедиҳанд, дар Уротеппа ҳам, дар хонааш низ ҳам. Дар назди масчоҳиён чун меҳмон чунин кунад, «рав, ки баҳор!» мешавад. Масчоҳийи даҳанкалон механдад ба ҳоли уротеппагийи гапкалон. Ҳар ду қавм ҳам паст намеоянд аз якдигар.
Лекин агар чунин ҳолро донанд, ки Валихўҷа аз тарс тар кардааст, калака мекунанд. Меларзад.
«Валихўҷа!»
Паст садо карда ва бо даст ҷунбонида, чизе пурсиданӣ мешавад Бобоҷон.
Мирзохўҷаву Ғафур-оқсақол орому хамўш.
«Валихўҷа! Чизе шуд?»
Валихўҷа посух гуфта наметавонад. Зеро ларзиши вуҷудашро боздошта наметавонад.
Бобоҷон даст бар тани ў мерасонад. Бозмегирад. Ба огоҳ гардонидани ҳамроҳон гулў равшан мекунад. Аммо онҳо лом намебароранд, ки як нафас ором бошанд, субҳ наздик аст. Фардо соҳиби дам чӣ хоҳад.

пешина
аз 421
навбатӣ