Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мо ба ҷанг наомадаем-ку, оқсақол. Тарафдори мо ё Шўро нашаванд, боз харамонро хала карда рафтан мегирем.
— Не-не! Ҳамон гапи аввалаат дуруст: мурдета мебаранд. Кафанат ҳам дўхтагӣ...
— Воҳ! – Мирзоҳошим сухан тамом накарда, воҳима кард Валихўҷа.
— Э-э-э! Инаша бин! Валихўҷа! Туро ҳам аз ҷар андохтанд?
— Не, Оқсақол! Мана саг газид! Саги ҷинӣ!... Берун мағал.
— Чӣ хел мағал? Мағал-пағал нест!
— Ҳамон касоне, ки дина тарафдори мо буданд, куллук карда мебаранд.
— Ҷинӣ шудайӣ, Валихўҷа. Ё валигӣ ҳам дорӣ?
— Шумо ҳама пунба задаед ба гўш. Масчойиҳо ғазо кардаанд.
— Бояд ғазо кунанд. Аз мо барин тарғиботчиҳо ҳамин қадар фойида мерасад. – Оқибат кафид Мирзохўҷа. – Шумо тушберо хом шумурдаед! Пагоҳ ман дархост менависам. Тройка судатон кунад, бедор мешавед.
1
— Ба умеди Парпӣ-Ато нашавед, ки мераведу дар оби чашмааш ғусл карда сиҳат мешавед. – Озурдадил ва ранҷида ва кинояомез сухан гуфт Оқсақол: – Акнун мурдайи ҷиниатро бурда дар оби Парпӣ-Ато тар мекунанд, то мурдаҳойи гўрро ҳам ҷинӣ нагардонӣ!
Қойида, мо бо чунин умед, ҷонбагарав ин ҷо омадем?
— Монед, оқсақол. Як даҳан хушгўйӣ кардем, ки шаби тира зуд гузарад, шумо рост бовар мекунед. Ана-ана! Ин садойи чӣ?
— О ин садойи Зарафшон-ку! Бод меорад.
— Ё шумоён кар, ё ман девона.
— Ё ҳарду. Паси деворҳо пур аз босмачӣ. Девонаю дурўғгўйро пўст мекананд.
— Аз даҳонатон шамол барад, оқсақол, ин ту нагўед!
— То бад нагўйӣ, нек наояд.
Дар торикӣ якдигарро намедиданд. Намедонистанд, ки ранги рўй, вазъу ҳол ва ҳаракату имову ишорайи узвҳойи сару рўй ва ангуштон чӣ гуна мешавад ва чиро ифода мекунад? Кӣ ларзидаву тарсида сухан мегўяд; кӣ сохтакорӣ мекунад; кӣ масхарабозӣ дорад ё ба хадуки яке расиданӣ шуда мегўяд; кадоме аз чунин кору бор шод ҳасту кадоме ғамӣ? Ҳар кас худаш медонад. Худованд ин замон дар осмон чароғак мезад, як назар медиданд ҳолу маҳоли якдигарро.
«Саҳар шуд, як чирим хоб кунем!»

  1. Чашмаест дар тарафи булунғури Ўзбакистон, ки саги ҷинӣ газидаҳо рафта дар оби он чашма ғусл карда, дилпур мегарданд, ки ҷинӣ намешаванд.
пешина
аз 421
навбатӣ