Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Оқсақол, гапи шумо дуруст. Лекин мо дар он хона то ҳол ҳамин масъаларо муҳокима мекардем, ки як қавми ҷонсахти кўҳистонӣ ба ҳарфи ҳукумати оламгири Шўро гўш надода, гапи моро мегирад? Ақлам намегирад.
— Медонам, ки ақлатон намегирад, уко! Ин масъала дар Уротеппа ҳал шуда буд. Дар Палорак омада дудила мешавед. Яктанимтайи мо набошем ҳам, ҳеҷ қисса не. Аммо мо ба душман даста медиҳем. Онҳоро шерак мекунем. Шўрош ҳам ҳеҷ чиз набудааст, мегўянд.
Оромӣ ҳукмфармо гашт. Ё ҳар кадом ба тарзи хеш андеша карда хулоса баровардан мехост ё гўш ба берун медод, ки чӣ ҳодисае рух дод. Садое набуд. Ғафур-оқсақол ҳарфи дар гулўяш бозмондаро бурун овард:
— Медонам, ки осон нест.
— Дуруст мегўед, оқсақол. Мушкилӣ ба сар афтодаст. Илоҷи корро бояд ёфт. Дина дидед, ки одамон чӣ хел дудила. Мекалаванд.
Аз шаройит, аз муҳит бим доранд. Дар чунин шаройит ба онҳо фаҳмонидан лозим, ки дигаргунийи ҳаёт чӣ маънӣ дорад.
Боз хомўшӣ ба миён омад. Онҳо фаҳмониданӣ буданд, ки сахт мушкил аст мардуми Масчоҳро ба гап даровардан. Ба назар сахт монда шуда буданд ё хулоса бароварданд, ки суде надорад чунин баҳс. Ба ҳар ҳол равшанийи кирми шабчароғ барин аён гашт, ки ҳамроҳон чандон омода нестанд ба кори дастзадаашон. Хомўширо авло донистанд.
«Аааа!»
Фарёд зад ними шаб Бобоҷони камгап.
— Ўй! Чӣ шуд ту-ва?
— А?
— Хоб дидӣ?
— Ҳа.
— Чӣ хоб дидӣ?
— Хоб дидам, ки ба ҷари Сагкуш андохтандам. Хайрият, ду мурғи азимбол, симурғ буд ё уқоб, омада доштандам.
— Гуфтам, хоб нарав... Бахтат омад кардааст.
— Ба хоб монанд набуд, Валихўҷа. Ғанав кардам. Чашмам пўшидаву дилам бедор буд...
— Ё Буҳовиддин! – гиребон гирифт Валихўҷа. Аммо касе надид дар торикӣ гиребондорийи ўро. – Ў уволак, мана бин...
— Ҳамааш маълум шуд, – сухани Валихўҷаро бурида, – кафанамон дўхтагӣ. Пагоҳ мана бурда аз ағбайи Оббурдон усун накунед, мурдама мебаред.
— Мурда бурдан осонтар аст аз зинда бурдан, – ҳамроҳ шуд ба сўҳбат Мирзохўҷа.
— Ҳамааш ҳамин, Бобоҷон? Бо чунин ғайрат ба Масчоҳ омадӣ, ки онҳоро ба гап дарорӣ, тарафдори Шўроҳо шаванд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор