Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Масчоҳӣ моро душман ҳисоб мекунад. Ҳол он ки мо ба фойидайи кор ин ҷо омадаем.
— Ҳамааш не, оқсақол. Мефаҳмидагиш ҳай.
— Ҳай албатта...
— Оқсақол, ин халқ анойӣ не. Ҳама чизро ба тарзу маънийи аслиаш мефаҳмад. Паҳлўҳойи дигарашро ҳам андеша мекунад.
Гуфт-ку: «Чаро бо ман як шуда ба муқобили кофир намеҷангиву насиҳат мекунӣ, ки бо онҳо як шавем?! Аз ҷабру зулми мирон раҳо ёбем, мегўйӣ?» Ҷавоб надорад ин савол.
— Дард мекунад-дия, Мирзоҷон! Ҷони ману шумо ҳам месўзад. Дидаву дониста худамонро ба оташ мезанем, ки зоро насўхта бароем.
— Сиёвуш барин-а?
— Нигаҳдоранда ҳай. Хоҳад, нигаҳ медорад...
Шаби тор. Шамъу чароғе нест. Дар берун сари шахчаҳо ё зери дарахтони чормағз гавҳари шабчароғ нур мепошид. Лекин ҷуз думи хеш ҷоеро равшан карда наметавонад. Оташу алоб ҳам нест. Хоб ҳам нест. Танашон дам ба дам меларзад. Ду нафари дигар Валихўҷаву Бобоҷонро ҳам ба наздашон даъват карданд аз хонайи шафат. Дар торикӣ якдигарро намедиданд. Аз нафаскашӣ ё садо ҳамдигарро тахмин мекарданд, ки дар фулон ҷойи хона қарор дорад.
— Ҳоли саг беҳ аз ҳоли мо. – Овози Валихўҷа баромад.
Аммо касе ба зудӣ пурсу посух накарда ба андеша рафтанд ва мулоҳиза доштанд, ки чӣ маънӣ дорад фармудайи ҳамроҳашон.
Муддате баъд садойи Бобоҷон баромад:
— Гуфт-ку! Борайи сагкуш дорад ин ҷо. Сагҳойи фартуту гаргинро аз сари ҷарийи бетаг ба зер меафкананд. Одамони бадро ҳам. Одами бад ин ҷо қадри саг эҳтиром доштааст.
— Ношукрӣ накунед, Валихўҷа! Шумо ҳам, Бобоҷон! Ба назарам, мо ҳама чизро маслиҳат карда ба қароре омадем, сонӣ ба ин тараф ҷўнӣ кардем... Дунёро дигар карда наметавонем, албатта.
Ақаллан ягон кори нек кунем. Зоро бо ҳамин кору рафтори мо халқи бечора аз ҷабру ситам ё боҷу хироҷ озод гардад.
— Мақсаду муроди Шўроҳо ҳам ҳамин, Мирзоҷон. – Тасдиқ кард Ғафур-оқсақол.
— Лекин бо собуни масчоҳӣ ҷомашўйӣ накардаем. – ғурунгид Бобоҷон.
— Инро ҳама медонад. Лекин ман фикр накарда будам, ки сояйи Бобоҷон ин қадар тунук! – фармуд оқсақол.
— Ҳааа...Ба қитиқи паланги хуфта расидӣ, халосӣ нест. Аз гулўят мегирад. Зинда-зинда хунатро мемакад.
— Мирзоҷон, ман ҳеҷ чизро намефаҳмам. Қойида, розӣ шуда, ҳамроҳ омада, дар ин торикӣ ба қитиқи якдигар расидан чӣ маънӣ дорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор