Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Валихўҷа! «Чизе гап!» мегўям? Қойида, шумо ба ҷанг омадед ё дар кунҷи ғарибӣ ҷон супурдан? Ўй! Ўй! Ман шумоя мадакча гўям, ғариб будаед-ку?»
— Ором! Ором! Чизе гап? Бобоҷон? Ғанав мекунем, гуфтемку?!
— Ин уволака бенид, оқсақол! Барги бед бойин меларзад.
— Пурсед-чӣ, тарсидагеш не-мӣ?
— Ўй, натарсидӣ-мӣ, уволак? О ин гап намезанад-ку, оқсақол!?
Қойида, ҳамин хел касро ба ҷанг меоранд?
— Мо ба ҷанг омадагемо не, уко! Гапатона дониста занед.
Мо ба тарғибу ташвиқи ояндайи неки Ҳукумати Советӣ омадем.
Фаҳмад, мефаҳмад. Нафаҳмад, сарашу равғанаш!
— Ин одам ҷанга дидагеш не, оқсақол. Тарсид.
— О ҷанг нест-ку?
— Несту мешад-дия. Ин кас гумон кардагӣ, ки мо намояндаҳойи Ҳукумати Советӣ дар қасри Ботурхўҷа ҷой гирифта, по болойи пой гузошта мешинем. Хизматгорон ҳама чизро муҳайё месозанд. Мо майишат мекунем. Хестӣ, ки хобат.
«Валихўҷа! Хоб дидед? Ё мурдед, ки ҷавоб намедиҳед?!»
«Мурам, беҳтар буд.» – Базўр овоз баровард.
— Э ғарибе-э! Қойида мардак ҳамин хел мешавад? Фаҳманд, механданд ба ҳоли мо!
— Кордор нашавед! – садойи Мирзохўҷа буд. – Пагоҳ ба трибунали ҳарбӣ месупорем, худашон ҳушёр мегардонанд.
Валихўҷа чунон ларзид, ки он ларзишҳойи пинҳонӣ баччайи ин тарсу ларз намешаванд.
— Савор шав ўро, Бобоҷон! Вазн андоз, ларзааш мемонад!
Амри қатъӣ буд ё масхара, Бобоҷон анг монд. Дар торикӣ намедид, ки сардор воқеан қатъӣ мегўяд ё имову ишора ҳам дорад. Ба ҳар ҳол ларзиши бадани Валихўҷа тақӣ монд. Нерўйи барқ задаро монад. Касро ҷон барояд, ҳамин хел ором мегардад.
Шояд ларзиши танаш аз тарс буда, боз тарс бурида бошад. Зеро сангро санг шиканад.

Гарчи сўҳбати пинҳонӣ буд ва онҳо ба мурод нойил нагашта буданд, рафтору кирдори фиристодаҳойи Ҳукумати Шўро масчойиҳоро хуш наомад.
Ҳамдами Ярмӣ чашми рўз накафида ба дари хобгоҳи фиристодаҳойи Ҳукумати Шўро ҳозир шуд ва то аз хона баромадани онҳо назди чанд тани ба ном посбон нишаста аз вазъи кенти Масчоҳ гуфту шунид ва донист, ки даруни дар ва беруни он будагон аз чизе огоҳ нестанд. Нафаре ишора кард, ки Ҳамдам ба назди меҳмонон дарояд. Мазмун, ҳамон кас назди онҳо даромада, киву чӣ будани омадаро фаҳмонида баромадааст, ки баробари аз дар ворид гаштан.

пешина
аз 421
навбатӣ