Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Зеро бисёр мегуфтанд дар борайи шоириву донойиаш ва бисёр менавиштанд аз «бадиву душманиаш» ба уез-
1 ди Самарқанд. Туғрал медонист дасисаву ғаммозиҳойи душманонаро, ҳасуди шоиртарошонро, ки аз фурсат истифода бурда, қалами кунд ба шикоятнависӣ тез карда буданд. Зеро ошкоргўйӣ ва тундийи Туғрал онҳоро ба танг меовард. Боз шаройити сахти кўҳистон, камзаминиву беманзилӣ тўҳмат ба сари ў бор меовард, ки ҳамчун райиси кумитайи ислоҳоти обу замини кенти Фарғар ба
2 халқ замини зист намедиҳанд. Дар ин боб кинайи ба Мансурхон доштаашонро ҳам ба сари шоир зада шикоятҳо менавиштанд ва аз ҳама бадтараш он буд, ки Туғрал худро дўсти Шўро вонамуд мекунаду дар асл чун эшонзода, тўра ва миллатчиву ватанпараст душмани Шўрост. Ҳамин чизро Шатенин чун сурб ба гўшаш рехта буд.
Аммо касе намедонист, ки Шатенин кист? Аз рўйи вазифа ҷоннисори артиши рус; ба кўмаки ҷанговарони сурх ба ҷанги Масчоҳ дастайи ёрирасон мебарад, то ватандорон ва меҳанпарастони масчоҳиро торумор кунанд. Лекин сўҳбат аз сурхҳо равад, сафед мешавад; сўҳбат аз сафедҳо равад, сурх мешавад. Касе чунин ранг гирифтани пўсти нафису беранги ўро рамуз намегирад. Фақат ранг дигар мекунад ў; баракси ранг гирифтани бўқаламун. Лек ба сўҳбат шарик намегардад. Сахт диққат ва гўш медиҳад.
Дигар кас мешуд, дар ин сафар бо Туғрал хуб сўҳбат карда, бисёр чизҳоро пурсида, маънӣ мекашид. Аммо ў хомўш аст ва гўё Туғрал дар ин роҳпаймойӣ нест; дастуру нақше ҳам надорад. Зеро ў кӣ будани Туғралро, ба таври хеш, беҳтар аз худи ў медонад.
Туғрал дар борайи Шатенин чизе намедонад; ҳатто шарҳи ҳолашро. Ҳамин қадар, ки ба ёрийи аскарони руси ба муқобили ба ном босмачиёни таҳҷойӣ ҷанганда меравад чун ёвар. Лек дилаш гувоҳӣ диҳад, ки росткор нест; нодўст тобад.
«Ман дар борайи чунин касон, бахусус дар борайи Шатенин, ки аслу насаб ва шаҷарааш рўшан нест, набояд фикру андеша кунам. Лекин ин девсурат ҳоло лозим нашавад ҳам, рўзе симояш ба кор ояд. Зеро дар як роҳ ду ранг: сапеду сиёҳ тор кашиданаш хуб нест. Лек чӣ метавон кард, ки Ҳурмузду Аҳриман аз як шикам рўйидаанд. Аз Мароқанд то Масеҳоҷо ҳафта мешавад, ки пушти зинем. Аз дари аввали ин саройи дудар ворид гашта аз дари дигар баромаданро касе намедонад. Ва ё аз дари якум баромада рўшанӣ бинад кас ва ба дари рў ба рў баранд, ки ҷуз зулмот чизе нест.
Аз зулмот ба зулмот. Лек нашудааст, ки аз ду дар рў ба рў омада бошанд. Ин Офтоб аст, ки меояду равшан мекунаду меравад ва
- Идораву ҷойҳойи дахлдори уезд.
- Ҳокими кенти Фарғар; бародари Нақибхон Туғрал.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор