Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

боз меояд... Зеро кори ў барҳам задани Зулмот аст, абад-уд-даҳр таъқиб мекунад... Лек ҳайҳот!
«Қасидайи бузургон»-ро аз нав бояд навишт. Зеро ман машқ карда будам. Ин роҳу ин сафар маро бедор кард, ки пеш аз ман чӣ қадар бузургон азобу азият кашида, мубтало ба балоҳо гашта буданд; луқмайи оташу обу неши тиру найзаву дашна ва сари дору бораву ҷарӣ шудаанд. Дар он қасида ҷойи ман низ бояд бошад.
Он яроқу аслиҳаву заҳру зақумҳойи «бузургкуш» кўҳна шуданд.
Тири сўзон баромадаст. Тарси ман аз он. Ба назарам менамояд ва хоб мебинам, ки ҷони ман аз он месўзад... Ҷони ширини ман.
Дар роҳи ҳақ кўшидан ва халқ сўйи озодӣ ҳидоят кардан бадӣ бошад, некӣ чист?
Шояд баъзе кўмаку мададро мардум аз тангдастӣ, ноилоҷӣ ва зориву забунӣ некӣ пиндошта бошанд? Аммо бадӣ ин кори шайтон аст. Шайтон дар хуни инсон аст, бар гардани ў бор мешавад, ақли ўро мегирад, ҷилавашро ба ҳар сў мегардонад ва кас бадӣ мекунад.
Агар Аҳриман аз аввал дунёро сарварӣ намекард, одам барра барин орому бегуноҳ чарида мегашт. Зиёнаш ба касе намерасид.
Ҳарчанд баччайи одам аз ибтидо орзу мекунад, ки шайтонро дастгир карда, лаҷом зада савор шуда гардад, наметавонад. Баракс одам шайтонро бар дўш бардошта мегардад.
Аз афти кор шайтон бисёр. Вагарна як шайтон бар гардани ин миқдор ҷондори рўйи Замин намерасид. Мазмун: ҳама шайтон ё андаку бисёр шайтонӣ доранд».
Сахт парешон аст Туғрал. Аз андешаҳойи мағшуш ё аз тундийи сардори даста, ё худ ёд кардааст наздиконро. «Дар Самарқанд ором нишинӣ, хуб набуд, шоир? Туро кӣ монда ба ҳар кор ҳамроҳ шуданро. Муллошарифро гум кардам; дўстамро. Аз пас меояд.
Аз Тўтӣ хабар меорад. Ё барнагашта бошад ба ҳавлийи Тўтӣ?
Зеро аз Сияҳоб то он ҷо рафта боз омадан вақти зиёд мегирад.
Дилам гувоҳӣ диҳад, ки дунболагир меояд. Ҳўўў ҳамон саворайи ба чашми ҳама ноаён Муллошариф бояд бошад. Соя ба соя меояд ў.
Зеро ба ин даста ҳамроҳ шуданаш аз рўйи одоб ва қонун набувад.
Лекин пайгир меояд, ки якдигарро гум накунем. Ҳар кас дар ҳаёт бояд чунин дилсўзу ҷонгараве дошта бошад. Шояд аз азал монда ин расм, ки одамро танҳо гузоштан хуб нест. Балогир мешавад.
Умуман одами танҳоро бало мезанад. Дар ҳама ҷой; ҳатто шоҳ бошад ҳам. Аз ин рў гаҳворайи кўдакро ҳам танҳо намегузоранд.
Ў бояд биёяд».
Туғрал ҳис мекунад ё хаёле касеро мебинад, ки шебу фарози роҳро савора меояд; гоҳ-гоҳ саре менамояд ва боз дар хамиҳо гум мешавад. Агар ў ва савори хаёлийи пас баробар ба сари баландийи роҳ бароянд, назаре якдигарро мебинанд. Вагарна яке дар баландӣ, дигаре дар пастӣ бошанд, якдигарро дида наметавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор