Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рў халқ башумор баромадааст. Нону намак доштанд.
Дар суфайи зери сада дар корсонҳо ҷурғот, дар сабатҳо зардолу гузошта буданд ва ду гўсфанди кандапўст дар шохи сада кашол буд, ки фурсати пухтан накарда чунин амалро пеш овардаанд, ки меҳмонон фурсат дошта бошанд, мепазанд; фурсат надошта бошанд, ҳамроҳ баранд.
Аммо фавҷи камшумор ҳам пиёда нашуд. Шатенин бодиққат аз назар гузаронд мардумро ва аҷабаш омад аз пазироийи онҳо. Лек чизе нагуфта пиёда шуд, лаби нон шикаста ба намак тар кард ва ба даҳон гирифта, аз рўйи таомулашон, каллапўши ситорадор аз сар гирифта ба онон салом дод. Пасон мардум ба алайк ҷониби онҳо омада ба пойи Туғрал рехтанд. Шатенин ҳайратзада нигарист, ки ин ҳама на ба пазироийи сипоҳи рус, балки ба эҳтироми Эшони Тўра будааст. Зеро бонавбат пеши ў хам шуда, мўкиашро дастмол карда, ба чашм мемолиданд; «пеши потон мурам» гуфта канор мерафтанд. Шатенинро бад расид. Ҳарчанд мешунид, ки мардум «Пеши потон мурам, Эшони Тўра, ҳамроҳи инҳо озодӣ меоред!»
мегуфтанд, Шатенин чизи дигар медонист муомилаи халқро.
— Ман не, инҳо бо сарварийи полковник Шатенин шуморо аз ҷабру зулм озод хоҳанд кард, – мегуфт.
Лаби полковник намешукуфт. Кина гирифт. Ва аз фикр гузаронд: «Чунин будаед, ки қўрбошӣ адабатонро додааст.» Ва ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда «Мо дер мондем. Дар Масчоҳ моро нигарон!»
гуфта зуд ба асп савор шуд ва миёни одамони кўчабоғи зинда кушодаро гузашт.
Туғрал аз пари туғрал тоҷ гирифта буд. Хеле шинаму зебо менамуд ва ба феълу атвор ва қиёфайи ў мувофиқ афтода буд.
Ба хусус, ки биниаш минқори шоҳинро мемонд. Туғрал тахаллус гирифтани ў муҳаббате ба устодаш Шоҳин буд. Ҳарчанд медонист, ки туғрал шакли туркийи «шоҳин» аст, хубтар аз ин чизе пайдо накард, то ба устодаш бахшад:

Бўалӣ бувад пешам дар сулуки маҷнунӣ,
Донишам кунад акнун аз Арасту афзунӣ,
Синайи Балиносаш Туғралам кунад хунӣ,
Гашт ҳосили Шоҳин шавкати Фалотунӣ,
Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд!

Чунин зебоийи мурғонайи шоир Шатенинро нафорид, ки нафорид. Зеро зебоийи шарқиёна, ғурури шоирона, донишмандийи
пирона ва ин қадар эҳтироми мардум ғаши полковники кинаварро
меафзуд, ҳарчанд, ки Туғрал ҷуз эҳтиром ба ў коре ё хидмати
ноҷое накардааст. Аз рамузи кор полковник Шатенин дар борайи
шоири чу шоҳин зираку баландпарвоз бисёр чизҳо медонист; хонда ва ё шунида буд.

пешина
аз 421
навбатӣ