Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ба гумон ва андешайи хеш байрақи оштӣ афрошта буданд. Аммо дирафши эшон латтапораҳойи дарахти чинор, тут ё туғи чилламазорро мемонд, ки аз либоси тифлони дардманд ба шохаҳойи он кашол мекарданд. Он латтапораҳо ҳарранга, аммо туғи вешистиҳо баройи меҳмоннавозӣ ва ҳамфикрӣ тасма-тасма алвонҷ мехўрд. Шатенин ду тан савори мусаллаҳ фиристод. Аз он ҷониб пирмарди монанд ба Рўдакӣ, на салла, балки пешонабанди сабз гирди сар баста, сари асо низ дирафши ошнойӣ бардошта пеш омад. Ҳамроҳи ў як писараки тақрибан шаш-ҳафтсола буд, ки ба ҷойи ливо як пархомайи уқоб ё тазарвро боло дошта меомад.
Туғрал шинохт ин ду танро; пирмард – Амирхон ва кўдак писари Азизбеки дўсти ў буд. Танашро фарошо гирифт, ба пўсташ мурғак давид. Сўйи фармондеҳ Шатенин нигарист, ки ў низ ба шоир менигарад. Надонист чӣ фармояд ва ё чӣ ишора кунад. Ба ҳар ҳол таъзимнамо кард Туғрал. Аммо Шатенин сар андохтани ўро ба таври хеш фаҳмид ва зуъмдор рў гардонд.
Дар миёнайи ба ном ду лашкар чаҳор тан дар гуфтугузор буданд. Туғрал чашм аз онҳо намеканд ва чун ин ду тани омадаро мешинохту медонист, дилпур буд, ки аз эшон бадие рух надиҳад.
Зиёдтар аз пирмард писарак дида ба ў дўхта буд. Шоир яқин мекард, ки пирмард воқеайи шабинаро ба вай гуфтааст.
Сари аспон гардониданд фиристодаҳойи сурхҳо. Шатенин баёноти ононро шунида табассум кард ва ҷилав зад, ки пеш раванд.
Чун пирмарду писарак қойидайи лашкардориву лашкаркашӣ ва одоби пазиройиро хуб намедонистанд, аз рўйи софдилийи кўдаконаву пирона аз рўйи роҳ канор нашуданд. Чун саворон наздик омаданд, ҳарду даст пеши бар гирифта тоҷикона бесадо «хуш омадед» гуфтанд. Пирмард ҷилав кашид аспи Шатенинро пирона ва кўдак тохта назди аспи Туғрал гузашт ва рўй ба мўкийи сурхи ў расонда дудаста аз рикоби ў дошт. Туғралро буғзе гулўгир кард. Пиёда шуда баччаро ба танг кашида рўйи роҳ нишастанӣ буд. Аммо одоби сипоҳдорӣ иҷозат надод ва ҳам аз амри сардор берун буд. Дилаш мегирист, ки ҳамин хел як нармдиливу озурдадилӣ; раҳимиву ғамхорӣ дошт. Бо вуҷуди ғурури баланд, як навъ дуруштӣ доштанаш (нисбат ба касони баду бадкор) аллакай сиришки чашми дилаш равон гашта буд. Аз ақлу тамиз рафтор кард: килкпари дасти ўро гирифта ба дастор халонд ва худи писаракро бардошта ба пеши зин нишонд.
Теғи офтоб лашкари хурд ба пойи пирмард то назди мардуми дўстхоҳ омад. Мардум на чандон зиёд буданд; пирон ва кўдаконе, ки дар чунин синну сол ё падарашонро бурдаанд ва ё ҷафо аз замона кашида дар орзуйи кадом рўзи сафед ҳастанд. Аз тухми зан касе набуд. Зеро ҳангомаҳо ва гўйишҳойи даҳон ба даҳони баъзе бефаровездаҳонҳо занонро аз дучор омадан бо «кофирон» гурезон медошт ва заифони Кўҳистон аз марди бегона рў панаҳ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор