Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Шунидаам, лекин хуб намедонам.
— Ҳааа... Ин чизи муҳим аст. Дар китоби Зардуштӣ ин афсона, хоҳ бофта бошад, хоҳ рост, ин чиз ҳаст. Гўё Ҳурмузд – худойи некӣ ва Аҳриман – худойи бадӣ аз як шикам ба дунё омадаанд.
Худованд аҳд кардааст, ки кадоме пеш рўшаниро бинад, сарварийи олам ўро диҳам. Чун Аҳриман – Шайтон дар пас будааст, ин ҳарфро шунида, шикамро дарида пештар рўшаниро дидааст, Худованд сарвариро ба ў додааст. Дар нахуст олам дар итоати худойи Бадӣ шудааст ва девон оламгир будаанд. Сиёҳӣ бар сапедӣ чира будааст. Сонӣ Худованд сарварӣ Ҳурмуздро бахшидааст.
Аҳриман боз чолокӣ карда бар дўши Ҳурмузд нишастааст ва ҳар яки мо агар шайтон набошем, шайтон бар дўш дорем...
— Ман ба полковник Шатенин ҳамаро мў ба мў мерасонам ва мегўям, ки ҷаноби Туғрал чӣ марде бузург аст.
— Ташаккур, мўҳтарам Ғайбулин. Ҳамин ҳоло – шаби бисту якум ба бисту дуввуми июн шабу рўз баробар мегардад, шояд корҳо ҳам дуруст шавад ва Шўроҳо пирўз оянд.
— Мегўям, – мегўям, ҷаноби шоир...
— Шоир чӣ мефармояд.
— Чизе рўшан нест, рафиқ полковник. Ба ҳар тақдир бояд то субҳ сабр кард.
— Тақдир... тақдир! Дар Масчоҳ хунхўрӣ. Мо ин ҷо сабр кунем? Агар мурод сабру дамгирист, дар Русия, дар Самарқанд ялло карда мегаштем.
— Рой шуморо, ҷаноби полковник! Мо сарбоз.
— Инро ман медонам. Лекин нияти шоирро намедонам.
— Нияти шоирро? Нияти шоирро? Шоир чӣ ният дорад? Он чӣ шумо ният доред... Давлати Шўро пирўз шавад. Мардум аз ҷабру зулми амиру бекҳо раҳо ёбад ва олам гулистон гардад...
Шоирон аз рўзи азал ин чизро мегўянд.
Сарҳанг Шатенин гўё ба ин чиз аҳамият надод ва амр кард:
— Отряяяд! Бедорхоб бош!
...ва афзуд: «Шоир як чизро надонад, намегўяд.»
Сапедадамон боз бо амри Шатенин пой бар рикоб карданд.
Мардуми рўҳафтода андар гирдсанги зери садайи азим ғун омада, туғи сафед бардошта буданд сари асоҳойи пирӣ. Чун ба чашми талоя ва худи сарфавҷу сарбозон рост омаданд, полковник Шатенин дасти «бозист!» бардошт; кафи даст ҷониби анбўҳи мардум ва пушти даст ба сипоҳ, инони аспашро кашид ва аспони дигар аз канору паси он бозистоданд. Гўйӣ ду лашкари ноогоҳ аз ҳамдигар рўбарў, вале андаке дуртар аз масофайи ҷангийи маъмулӣ сафу радда кашида буданд. Яке парчами сурхи ситорадор дошт, дигаре туғи сапед ва ягон-ягон сабз, ки саллаву дастор пора карда ба сари чўбу асойи пирӣ бардошта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор