Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ғайбулин!
— Гўш мекунам.
— Ҳама гапро ту ба командир мегўйӣ, ошно.
— Чаро?
— Зеро ў ба суханҳойи ман бовар намекунад.
— Ин хел набудагист. Балки шуморо чун шоир ва донишманд эҳтиром дорад.
— Бояд чунин бошад. Аммо ў нисбат ба шоирон назари дигар дорад.
— Намедонам...
— Охир ман мефаҳмам-ку...
— Ба назари ман эшон ё тўра, гуфта, андаке мекебад...
— Ман ҳам чунин андеша дорам. Аммо аз одами росту росткор кебидан хубие надорад. Ва набояд кебид. Балки ўро бояд қадр кард, бо ў наздик шуд ва аз кирдори некаш истифода бояд бурд.
— Рост. Инро ман ҳам мефаҳмам... Ба ў чӣ бояд гуфт?
— Гум кардам фикрамро... Ҳа... Ўро бояд гуфт: «Чун ба дарвозайи ошнойи шоир расидем, дарвозаро аз дарун баста дарёфтем, кўба ба дар задем, саге фиғон бардошта омад. Шоир номи сагро «Чорчашм» гирифта садо кард. Лек хомўш намешуд саг. Як навъ тарсу ларз ҳувайдо мегашт дар овозаш»...
— Ман ин хел шумо барин ҳикоя карда наметавонам
— Ин хел бошад, он чӣ дидем ба таври худат ҳикоят мекунӣ.
Бо садойи саг дами дарвоза омадани пирмарди масчоҳиро. Номаш Амирхон. Чӣ хел ба деҳа тохт овардани Ҳомид-қўрбошӣ ва Азизбекро чун сарбоз дастгир карда бурданашро... Вале ҳоло маълум нест, ки дастайи ғоратгари (ҳамин хел мегўйӣ) Ҳомид-қўрбошӣ дар куҷост. Ҳа...Боз одам ҷамъ кардану йигитҳоро бурданаш, ба итоат дароварданшро ҳам мегўйӣ. Ин зарур.
— Ман намефаҳмам ин ҳамаро!
— Чун ў маро тарафдори босмачӣ мепиндорад, ҳама ҳарфамро баръакс мефаҳмад ё найранг. Боз ту хубтар мегўйӣ ба русӣ. Ман канда-канда мефаҳмонам, гумон мекунад, ки ҳилла мекунам.
— Не-не, ин хел не, ҷаноби шоир... Пештар ишора кардам-ку, ҳама айб дар ҳамдиёриҳойи худатон: онҳо ҳам менавиштаанд ба уезди Самарқанд ва ҳам баъзеашон хабаркашӣ мерафтаанд; шояд ягон бадбинатон бинӣ халонда бошад.
— Ин хелинҳо кам нестанд. Шоиршавҳову саллабандҳо бисёр.
Лекин ҳама бадӣ аз дасти бекҳо, мансабхоҳон. То дунё ҳаст, нафси бад ҳам ҳаст. Охир онҳо ҳам бояд овоз бароранд, то мардум шиносадашон. Овозайи Рустам беҳ аз Рустам, мегўянд. Чунинон овоза бароранд ҳам, ба бадӣ мебароранд, ки бадтар аз ин рўзи сиёҳе нест. Шумо медонед, ки Раҳмону Шайтон аз як шикам ба дунё омадагӣ?

пешина
аз 421
навбатӣ