Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ман дар ҳама ҷо кар не. Дар ҷое, ки лозим шавад, кар мегардам… Ман медонам, ки аз болойи эшони Туғрал фичу кучҳойи зиёд ҳаст: гўё тарафдори сурхҳо; гўё тарафдори сафедҳо; гўё зидди масчойиҳо; гўё зиди таҳҷойиҳо…»
«Ин ҳама «гўё»-ҳоро монед! Дар ҳафт қабати осмону ҳафт қабати Замин мисли Туғрал одами поку ҳалолро намеёбед. Ҳамин қадар, ки ҳақгў, ростгў. Дар гулўяш корд монед, аз қавлаш намегардад. Дар ҳаққи ҳамин хел инсон бадгўйиҳо мекунанд-а?»
«Ҳеҷ кас дар борайи муши мурда гап намезанад. Зиндагӣ аввал онеро аз миён бардоштанӣ мешавад, ки чашмони зиндаву зирак дорад. Эшони Туғрал дониши худодод ва истеъдоди баланд дорад.
Шоири зўр…»
«Ҳамин-дия, душмани Туғрал ана ҳамин сифатҳойи хубашон.
Лекин гапҳое ки гуфтед, кӣ бофта бошад?»
«Шамол овардагӣ даҳон ба даҳон. Касе аслашро намедонад.»
«Бад. Бисёр бад, ҳамсоя. Ин бадгўйиҳо метавонад сари шоири моро хўрад. Ман аз ягон масчоҳӣ чунин гапҳоро нашунидаам…»
«Неее… Ин гапҳойи масчойиҳо не. Кирм аз бадани худ мехезад».

Дар канори деҳ Шатенин пой мекўфт; фавҷро дар ҳолати ҳозирбош медошт, то балое аз даруни русто барнаояд. Зеро ҳам аз дер омадани фиристодаҳо парешон буд ва ҳам Туғралро хуб намедонист; чӣ кас, чӣ гуна ва ҷонибдори кадом тараф будани ўро хуб намедонист. Аммо чизакҳое ба бадӣ шунида буд. Сад дар сад ба шоир бовар надошт. На танҳо ба шоир Туғрал, балки ба ҳамагуна шоир бовар надошт, ки ангезандайи балвою балойи ҳама давру замонҳо онҳо бошанд. Онҳо сухандонанд ва мардумро бо сухан гумроҳ кардан осонтар аст. Аз Дунёйи Қадим омадааст чунин гумон. Зеро аз қадим чизе ки боқӣ мондааст сухан аст.
Бештараш ба шакли афсона. Вагарна касе надонад, ки пеш аз мо кӣ буду чӣ буд?
Чун сагон бедор аз хоби амонат гашта безобитатар ва ангехтаву парешон шуданд ва аз кадом хавф дарак ба якдигар дода, деҳайи хуфтаро бедор ва сардард гардониданд, сарҳанг безобитатар, парешонтар ва пуртаҳлука аз деҳу аз ҷонварон шуд. Ғалаён ва радду бадали фикраш фузунтар аз андешаҳойи мармузи Туғрал буд. Агар Туғрал огоҳ аз сирру савдо гашта ба кўчаҳойи чапғалати фикру хаёл рафта бошад, Шатенин бо тахмину гумон сари хешро пур аз танайи анкабуд гардонида буд; чизеро сарфаҳм намерафт.
Ҳар ду ҳам саргиҷ аз гумонҳойи норавшан буданд. Вале Туғрал ҳама пиндор дур аз сар андохта, қисмати дўсти ҷавону бовафо, шоирмаоб ва равшанфикру равшанзамирашро меандешид.

пешина
аз 421
навбатӣ