Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он қадар ки ҳалқа ба дар зад, дарвоза кушода нашуд. Ҷуз садойи саг садое наомад. Ниҳоят аз дарвозайи рў ба рўйи он тарафи роҳ садойи сурфайи пасти каси нимҷон омад:
«Кадомӣ?»
«Манам! Эшони Туғрал!»
«Дар қадамтон ҷонам, дар ин ғояти шаб читон мебод?»
Ин ҳамон пирмарди масчоҳӣ, ки Туғрал борҳо дар хонайи Азизбек ё беруни дарвозайи ў дучор омадааст. Аммо дами дарвоза ҳамроҳи Туғрал даст аз таппонча дур намегирад.
«Аз роҳи дур омадам. Дўстам Азизбекро диданиам».
«Дар қадамтон ҷонам, эшон, даруни дарвоза дароед, – ҳалқаву фашанги паси дарро бардошта сурфид пирмард. Бо чунин ишорааш зери сурфа чӣ асрореро пинҳон медошт. – Имрўз ки дар ин ҷо машҳар шуд. Азизбекро бурданд».
«Кӣ? Куҷо?»
«Ҳомид-қўрбошӣ аз ҳамон пасрў (ҷониби Панҷакатро нишон дода) дуд карда омад. Ин ҷо расида, дар гирифт… Дар деҳа одам намонд, дар қадамтон ҷонам. Кӣ болорў тохту кӣ пасрў. Кӣ ҷон ба саломат бурду кӣ натавонист. Қиёмат шуд. Йигитҳоро ҳамчун аскар ҳамроҳаш бурд. Азизбекро ҳам».
— Ҳоҳ?
— Бурд, тўрем. Мегўянд, ки сарбоз ҷамъ карда, бо кофирон ҷангиданист.
— Оббо…
— Пиёдаедо?
— Не. Аспро беруни деҳа қантар кардем, то садойи сумаш мардумро безобита нагардонад.
— Рўмо сиёҳ! Мардум нестанд, дар қадамтон ҷонам. Ҳама кўчиданд ба кўҳу камар. Ба назарам, як мани ғариб (ба масчоҳӣ буданаш ишора карда) мондаам аз нимҷонҳо. Мо баринҳоро кушанд чиву накушанд чӣ?
— Инту нагўед. Шумоҳо пири кор.
— Ҳамтую, дар қадамтон ҷонам, надаромада, даҳани хушк мераведо?
— Иншооллоҳ, сафари дигар…
— Худо хоҳад…
Вале ин замон аз пас садойи гуфтугўйи ду кас омад:
«Шунидам, ки эшони Туғрал бо лашкари сурх ҳамроҳ шуда, ба нобудийи мардуми мо омадааст?
«Ин хел нагўед, ҳамсоя. Эшони Туғрал аз он касон нестанд.
Сар медиҳанду чунин корро намекунанд. Ин бадгўйийи душманон будагист?»
«Не охир, ман аз забони касони мўътамад шунидам, ҳамсоя.
Бо ҳамин гўшҳойи худам».
«О шумо кару?»

пешина
аз 421
навбатӣ