Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

«Онҳоеро дар назар дорад, ки дар ватани ў ситам ба бечорагон кунанд; омадани сурхонро нахоҳанд; сафедҳоро пешвоз гиранд; ҷонибдорони ҳукумати навро нобуд созанд».
«Аз куҷо донӣ?»
«Худаш мегўяд. Як одами дилсафеди ростқавли некхоҳ. Олам кўҳна шудааст, мегўяд. Дунёро ким-чӣ хел нав карданӣ. Ё як навъ ҳама чиз нав шавад, мегўяд. Ҳама чизро нав дидан мехоҳад; яъне, хуб: «зебову раънову барно» мегўяд. Дар шеъраш мазаммати бадӣ ва ситойиши некӣ ҳаст».
«Хайр, бас! Мурдаро монда, тутхўрӣ... Лекин ман пай мебарам, ки дар замираш нисбати ҳамайи мо хусумат дорад. Хабару шикоят ҳам ҳаст, ки моро низ бад бинад. «Русҳо оянд, мулк кофиристон шавад» мегуфтааст».
«Бубахшед... Нашунидаам. Баракс мегўяд, ки дер омадед. Ҳозир ҳам бо ин мурда андармон шудем, «дер мондем» мегўяд...»
«Ҳммм...»
Ҳанўз ҳам Туғрал сари пой нишаста бар хоки нарм, ба кори онҳо шарик намешавад, вале андеша дорад, ки онҳо гоҳ-гоҳ сўяш нигариста, мегўянду мегўянд, ин қадар чӣ мегуфта бошанд? Чанд бор луқма дод, Шатенин писанд накард. Аз ин рў хапу дам меистад, то аз дасташон чӣ кор ояд. Зеро ҳарбпизишк дар ин кор пешдаст аст ва сухани ў чу теғи тез гузарост. Аммо ба назари шоир чунон расад, ки ў дарди дарун ва андешаҳойи дардманду дардовари беморро ташхис карда натавонад. Шояд шикастабандиву ҷарроҳӣ ё доруйи дарди сар додан аз дасташ ояд, ба дигараш қудрату тавон надорад. Шоир як навъ одат ҳам дорад, ки ба кори беҳуда шарик намешавад; зуъм мекунад. Ҳолиё ҳамон зуъми меросиаш гирифта, ба кори эшон шарик шуданро раво намедонад. Ё аз рўйи ғурур ононро ҳамсўҳбат намедонад:
«...Поймоли дунонам гар зи пастии толеъ,
Аз баландии ҳиммат маснади Зуҳал дорам.
Хондаам китоби ғам дар сулуки маҷнунӣ,
Омили ҷунунам, лек вазъи беамал дорам.
То ба кай зи нодонӣ мебарӣ ҳасад бо ман?!
Ин ҳама сухандонӣ қисмат аз азал дорам.
Фаҳми маъниям дорад қадру шакли устурлоб,
Ҳандасӣ агар хонам, ҳарфе аз ҷумал дорам.
Гардиши фалак акнун гар маро диҳад фурсат,
Нусхаҳо ҳамесозам, бим аз аҷал дорам.
Дар сухан намебошад дигаре назири ман,
Ғайри ҳазрати Бедил ман куҷо бадал дорам?!
Маҳви ҳайратам, Туғрал, ман зи мисраи Бедил,
«Бе ту зиндаам, яъне марги беаҷал дорам!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор