Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ў гўшайи чашм андохт он сўй, то ҷанозайи он занро бинад.
Зане, ки беаҷал ба чунин рўз гирифтор шудааст. «Аммо чаро маҳз ҳамин мисраи «марги беаҷал»-ро пазируфтам?»
— Чаро шоир гирифтор? – садойи Шатенин боло шуд ва Туғрал даст рўйи чашм лапар карда ба соҳиби овоз нигарист. – А! Чӣ сангпуштвор сар даруни шонаҳо кашидайӣ?
— «Маҳви ҳайратам, Туғрал, ман зи мисраи Бедил, «Бе ту зиндаам, яъне марги беаҷал дорам».
Такрор кард ба посух Туғрал.
Шатенин китфон дарҳам кашид: «Намефаҳмам...»
Ҳама якбора қоматҳойи ба рўйи Шарифа хамкардаро бардоштанд. Туғрал, ки ба пурси Шатенин сари пой рост шуда буд, майли омадан кард. Шатенин низ ба он сў нигариста чизи аз шоир пурсиданиро фаромўш кард.
«Лаънат бод бадкирдорро!» Туғрал паст гуфта бошад ҳам, ба гўши сарҳанг расид. Ў ҷониби тарҷумон нигарист, ки чӣ мегўяд?
— Лаънат мехонад.
— Киро?
— Оне, ки занро ба чунин ҳол овардааст.
— Аааа-а... Ман ҳам мегўям, ки лаънат бод!
— Рафиқ командир, ҳамин қадар мегўям, ки касе ин корро кардааст, ба хунаш оғишта мемирад.
— Аз куҷо медонӣ, шоир?
— Қисматҳо такрор мешаванд.
«Худованд моро қалам додааст, то некиро ситойиш кунем; эшонро найзаву камон, ки хун резанд. Килки ман низ як навъ хун резад; он хуни дил, хуни ҷигар. Аз теғи онҳо хуни одамӣ чакад.
Коре кард ин шишайи нозук ё пуффаки дамидаро сўрох кунад, то ҷонаш барояд. Одаму дам. Дам, ки баромад, баргардонида нашавад. Вале дами ин оҷизайи бепуштупаноҳро бо хоки гўри худаш ҷафида, ҷон ситонидаанд. Худовандо! Бингар ба ҳоли ў, ки ҳама дидаву шунидаро андар тулуми тан гўронидааст, ки шишайи чашмаш офтоби равшанро ҳам баргардонида наметавонад.
Ашки хушкидааш шўра бастааст. Мўй ва рўяш жўлида ба хок.
Худойгоно! Чӣ касонро халқ кардӣ, ки ҳазорон ҳазорро нобуд месозанд, аммо зўр зананду худнамойӣ кунанд, то мурдаеро зинда гардонанд. Дониста кунанд ин корро. Зоро зинда гардад мурда…
Чӣ намерасад эшонро? Умуман ҷангҷўёнро, ки ин қадар ҷафо кашида, сари зин ғунуда ё пинак рафта, гармову сармо нагуфта, ёди Ватан ва падару модар накарда, роҳ паймоянд, то ба Оби Ҳаёт расанд чу Искандар? Чӣ маънӣ дорад ин ҳама такопўйҳо?
Ё ҷангҷўй муборакқадам бувад, ки бо омади худ гулзор кунад кўҳу саҳроро? Вале мебинӣ, ки ҷойи суми аспаш расида сабза нарўяд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор