Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бурҳон ҳолати ўро дида, яқин кард, ки «Ёсин» мехонад. Бад расид писарро, ки шоир умед кандааст. Вале аз чӣ рў рўйи хоки нарм пой дароз карда нишаст, намедонад. Ба ишорапурси Шатенин чунин посух дод:
«Аз фишори фикру хаёл мадораш гурехт...» Тарҷумон фаҳмонд сарҳангро.
«Шоир чӣ фикру хаёл дорад?»
«Ин шоир ҷуз фикру андешайи миллат ва фарҳанги куҳан ва тақдиру қисмати бузургон, ояндайи халқу Ватан хаёли дигаре надорад».
«Ин кам аст магар?»
«Кам нест...»
«Миллатчӣ шоири шумо!»
«На. Ғамхор ва андешаманд.»
«Аз куҷо донӣ?»
«Тамоми роҳ сўҳбат доштем. Пурдон ва мутафаккир... Мағрур ҳам ҳаст. Кас нафорад, бо димоғаш суханаш мегўяд. Ба гуфти худ, Бедилро дўст медоштааст. «Мурам ҳам дар пеши пойи ў мурам!»
мегўяд»
«Боз инаш кист?»
«Шоири донишманди соҳибсабки форсизабони Ҳинд будааст.
Ин хел маъниофарро таърих ёд надорад, мегўяд».
«Аз Пушкин ҳам, аз Гёте ҳам, аз Толстой ҳам доно?»
«Шояд Туғрал аз эҷодиёти чунинон огоҳ набошад. Аммо дар муқойисаву баҳодиҳийи бузургони миллати худаш баҳо надорад.
Аз фарзанди ҳамин диёр – Рўдакӣ сар карда...»
«Медонам, ки Фирдавсиву Саъдӣ мегуфтанд. Лекин Бедилро нашунидаам».
«Баройи ў бузургтар аз Бедил касе нест. Шеърҳойи ўро беҳисоб медонад; шарҳу эзоҳ медиҳад. Аз рўйи шарҳу эзоҳи Туғрал беандоза бувад ақлу заковати Бедил».
«Худи ҳамин ҳам донишманд метобад... Вале ҳоло чаро сар ба гиребон мекашад, намефаҳмам».
«Ў чизе гуфтан мехоҳад, аз чизе бим дорад».
«Чӣ хел бим?»
«...ки мо сарзанишаш накунем; ба ҳарфаш бовар кунем...»
«Аз пеши худат мегўйӣ?»
«На. Ман хеле сўҳбат кардам. Одами хуб ҳам ҳаст. Андаке зудранҷу тез. Ҷонибдори ҳукумати нав. Лекин шикоят аз дунон дорад. «Ин дунё баройи дунон сохта шудааст» мегўяд».
«Кистанд дунон?»
«Онҳое, ки пешаашон бадист».
«Яъне?»

пешина
аз 421
навбатӣ