Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нашуд. Беҳбудие нест. Доктор усули дигар ба кор бурданист. Ў лабу даҳон ва мўйлабро бо кафи даст пок карда, даҳон ба даҳони модари ў ниҳод ва нафас дод.
«Ай!»
Фиғони Бурҳон буд. Сахт намехост чунин рафторро. Вале чун ҳама баробар ба ў нигаристанд, сару рўяшро арақ пахш кард.
Андешаашро гуфта натавониста ва ё аз ҳолат гурехтанӣ шуда, паси Туғрал гузашт. Инак аз паҳлўйи дасти рости Туғрал дуздида якчашма менигарист сўйи модар. Ба назараш чизе намуд ғайриоддӣ; дар чашмаш мурда ҷунбид. Дасташ, пояш, танаш ё муй ва ё либосаш буд, фарқ накард. Ба ҳар ҳол дид чунин як ҳолатро.
Лек чун бодиққат зеҳн монд, фарқеро надид аз ҳолати аввал. «Дар зеҳнам гузаштааст... Ё чунин мехостам. Мехостам, ки ягон узви модарам ҷунбад. Ана-ана... нигаред... меҷунбад модарам. Зинда мешавад. Меҳмонони ношиносро дида, ҳайратзада мемонад...
пасон шод мегардад ё аз нав мемирад.
Ва ҷунбид ҳам; мўйи сари бараҳнаашро бод ҷунбонд. Кимкуҷойи куртаашро низ; ба назар қулфаки гиребони куртааш, ки гоҳи вазза карда то ба гўр овардан даррида кашол гашта буд, ҳоло ларзид. Писар фарёд заданист. Наметавонад.
Туғрал ҳам чизе гуфта наметавонад. Рам дорад:

«Дар ин водӣ ғубори ҷуръатам з-ором рам дорад,
Ки чун ваҳшат ба зери сояи мижгони нахчирам.
Саманди нолаам дар зери бори сурма кай монад?
Ба қуллоби нафас аз роҳи хомўшӣ замингирам».

Шоири сухандону сухангўй аз забон монда, чизе гуфта натавонад, ройзанӣ накунад ҳамрикобонро. Маслиҳат низ дода натавонад, ки чунин бикун ё чунон. Зеро ҳарбпизишк ҳар чӣ донаду тавонад, бикунад. Биринҷашон оббардор набошад. Боз ойина дошт ба дами нафаси зан. Ойина андаке ҳавр гирифт. Сар бардошта нигарист сўйи сарфавҷ. Сонӣ ойина намуд, ки аллакай аз гармии ҳаво ғубор рафта буд. Сарфавҷ сар афшонд: «Давом бидеҳ...»
«Як қатра ба лабаш об чакконед!» худдорӣ карда натавонист
Туғрал.
Сарҳанг шоирро коно дониста, сар афшонд: «Ягон мурда об хўрдааст?»
Туғрал хомўш буд аз ҳарфи ў. Нагуфт, ки дар ҳалқи мурда ҳам об чакконанд.
Лабони Шарифа сахт ба ҳам часпида буданд.
Туғрал сари хок нишаст. Сар ба зер андохта, дар дил чизе хонд.
Аммо даст ба рўй накашид, то сир ҳувайдо нагардад.

пешина
аз 421
навбатӣ