Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аввал раъй накарданд. Набудани парро баҳона оварданд. Вале чун сарбозе ойина аз ҷайб баровард, дами нафасаш доштанд, ойина ғубор гирифт. Туғрал пари шоҳин, ки чу рамз дар тоби дастор халонда мегашт, ба Тўтихон гузошта буд.
Шатенин чун каси некхоҳ ва накўкор, ки ба ғамхорийи мардуми ин диёр омада бошад, дод зад: «Зудтар! Зуудтар!»
Сарбозҳо чун гўркоб хокро бурун меафканданд... Ва оқибат хоки рўйи пойро нагирифта, аз дасту пойҳо ва миёни шарифа дошта рост боло бардоштанд. Пайкари ў мисоли мисрон аз хок бурун омад. Дароз хобонданд болойи хоки нарми аз гўр бароварда. Доктор гўш ба сари синайи зан ниҳода диққат медод. Садойи дилро намешунид ва сар меафшонд ҷониби Шатенин: «Умеде нест».
Вале дили Туғрал фарёд мезад: «Як панҷа об зан ба рўяш!»
Лабонаш пир-пир мепариданд, забонаш мехорид, аммо дам ба дарун мегирифт; биринҷ оббардор нест.
Каргаси танҳо дар фазойи дашти Маҳрў, шати Зарафшон ва доманайи теппаҳойи Амондараву Фушуну Ёрӣ гирд мегашт – ҷувозак; лоша меҷуст. Ва шояд лошахўрони дигарро пайғом накарда буд ё онҳо хоби лоша надида буданд, ки каргаси танҳо дар фазойи гарм ҷувозак мегашт, аз баландӣ ба ҳар ҷару ҷў нигариста мурда меҷуст. Дур мерафту наздик меомад. Ягон-ягон бол афшонда суръат меафзуд ва боз дар гирди хеш ҷувозак мегашт. Бадният, бадхоҳ, сияҳдил, ҳаромдаҳан!
Ва як панҷа об заданд ба сару рўйи Шарифа гуфтайи Туғралро ба инобат гирифта ё нагирифта. Ўро тағйироте ё дигаргуние ба амал наомад. Ҳатто мўйи баданаш наҷунбид. Аммо рўшание дар дили шоир пайдо гашт, табъаш хуш шуд.
Бурҳон паҳлўйи шоир қарор дошт ва дар он ҳолат ўро наздиктарин кас медонист. Гарчи ҷуръати аз касе чизе пурсидан надошт, гаштаву баргашта менигарист ба ў ва як фиғони талх бароварданӣ буд: «Мууурд!!!» Аммо гулўяшро як пардайи ғафсу ғализ гирифта буд; агар зўр зада, он пардаро даронида садо барорад, пиндораш дунё метаркид ва кўҳҳойи таркидаву ба рўд бархўрда пеши Зарафшонро баста, об бармегашт пасрў ва дамма шуда, бо вазну зўрӣ саддро канда, Оби Азов ба вуҷуд меовард: «Кош шавад, аз ҳама азоб халос мехўрдем... Падарам бо азоби алим мурд. Модарам...
Дигар чӣ дилкашолие монд дар рўйи Замин?»
Ва сари синайи модарро масҳ карданд; ду даст болойи ҳам гузошта, оҳиста-оҳиста бо силтав пахш карда сар додани доктор ўро нафорид: «Номаҳрам...» Аммо чун эҳё гардонидани модар воҷиб буд, чашм пўшид: «Кош зинда шавад». Аз дил гузаронд.
Боз ба Туғрал нигарист, ки чӣ вазъу ваҷоҳат дорад.
Туғрал ҳама зеҳну ҳуш ба кору бори доктор монда буд ва луқма доданӣ мешуд; аз бими сахт гуфтани Шатенин дам ба дарун буд ва аз ҳаракатҳо, дарун-дарун сўхтану ғинҷ гаштани фарзанд бехабар монда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор