Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар чунин айёми тамузи тобистон андар дашти беоб, ки бўз сўхта, ҷо-ҷо майсаву сабзаҳойи баҳорӣ ғинҷ гашта буданд, сареро мўйи парешон, вале хеле сўзон соя меафканд. Аммо касе намедонист ва шояд соҳибсар ҳам эҳсос надошт, ки ин соя сару танро ҳаловате бахшад ё на?
Косайи сарнагуни обаш рехта ва хушкида низ дар офтоб месўхт.
Зери лаби чун лаби нор хамидааш асаре дар хоки парешон боқӣ монда буд.
— Ин чӣ коса аст? – пурсид Шатенин аз Бурҳон.
— Дар чунин масофа баройи модарам об монда буданд, ки агар ташна монад, хўрад.
— Аҷиб. Онро кӣ резонда бошад?
— Шояд аз нафасу талвосайи модарам коса каҷ шуда, об рехта бошад.
— Ту куҷо будӣ, ки намедонӣ?
— Ман паси ҳо он дарахтон пинҳон шуда будам.
— Чаро?
— Тағоямро куштанд пеши чашми модарам. Маро ҳам дастгир кунанд, мекуштанд. Сар ҷудо, тан ҷудо мекарданд. Намедонам, онҳо аз чӣ хавф кашиданд, модарамро дар чунин ҳол гузошта сўйи Ёрӣ гурехтанд. Намедонам, тани тағоям онҳоро чӣ лозим буд, ки ҳамроҳ бурданд. Ман назди модар омадам ханҷолкаш, бубинед, хокро кашидам, нашуд. Аз Дупула гузаштанатонро дида, донистам, ки босмачиҳо аз омади шумо тарсида гурехтаанд. Аспи тағоямро, ки тори сари модарам соя меандохт, савор шуда сўйи шумо тозондам...
— Отряд! Пиёда бишав! Занро аз хок бубароред!
Селосо рехтанд аз аспон саворон. Белчаҳоро аз паҳлўйи зинҳо гирифта хокро пош медоданд. Бурҳон даст ёзида сари модар медошт, то ба сўе наафтад.
— Иҷозат фармоед! – аз кўзачайи тунукайи сарбозӣ ба каф об гирифта ба рўйи зан пошиданӣ шуд Туғрал. Аммо Шатенин иҷозат надод:
— Накун одатҳойи феодалиро! Доктор ҳаст!
Туғрал оби ба каф рехтаро дар пошнайи косайи воруна, ки аллакай аз чанги хок пур шуда буд, андохт. Озурдадил аз командир бурун омад аз дойирайи онон, зуъмаш гирифт: «Ин ҳама самарайи овардаҳойи шумо, – аз дил гузаронд, – вагарна то ин рўз чунин шиканҷаро кас ёд надорад... баъзан дар афсона рух дода, ки шоҳи золим канизак ё зани бадро то сина ба хок гўр карда, сагбаччаҳоро маконидааст».
Доктори риши кўтоҳи риндона гузошта ҷуз набзи ўро хабар гирифтан ва бар сарсинааш гўшак гузоштан коре надошт.
«Пар доред ба димоғаш ё ойина пеши нафасаш!» тоқат накарда фармуд шоир.

пешина
аз 421
навбатӣ