Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

КОСАЙИ САРНАГУН

Аз зери суми аспони фавҷи ёрирасон чангу ғубори роҳи сурмахоки Дашти Малла ба фазо бархоста, дастаро пардапўш карда буд. Танҳо пешсаф менамуд ва баъзе аспон аз чанг раҳо гаштанӣ шуда, ҷўйи канораро ҳаллос зада, ба киштазамин мегузаштанд.
Баъзеҳо аз чунин сафар пушаймон ё олуғдаву дилгир бошанд ҳам, илоҷи бозгашт ё гурез надоштанд. Вале полковник Шатенин гирифтадилу гирифтаҷигот роҳ мепаймуд ва намедонист алам аз кӣ ситонад.
«Кўҳистонро пур аз санг мегуфтанд; пур аз хок будааст» фармуд полковник.
«Ин ҷо ҳамин хел пурхок, – фаҳмониданӣ шуд Туғрал, – Умри ман дар ҳамин роҳ гузаштааст. Ин хел набуд, ҳамин сол чунин сурмахок шудааст».
«Пештар ҳам чунин буд. Шумо аҳамият намедодед, шоир».
«Шояд...»
Ин посухи пуррайи Туғрал набуд, балки гурезе буд. Зеро ваҷоҳати ҳамсафар ноҷўр метофт ва абри сиёҳи ғализтар аз дудро мемонд.
Шоир хост сари зин ба муроқиба равад, зеро ҳама умр гоҳе ки аз ин манзил роҳӣ мешуд, замину роҳи ҳамвор дониста сари аспро сар медод ва ба ғанаб мерафт, ки ҷонвари омўхта мароми саворро фаҳмида, чунон мерафт, ки аз Қашқоийи Дупула то Қашқоийи Сўҷина ва баракс – аз Қашқоийи Сўҷина то Қашқоийи Дупула якнавохт ва бе лангар гом мезад; чун ба сари нишебӣ меомад, ё меистод ё бинӣ меафшонд, то соҳиб ҳушёр гардад. Аммо ҳоло чунин рафтор надорад, зеро фавҷ хеле боэҳтиёт ҳаракат дорад; ҷой ва гоҳи ғанабу муроқиба нест. Дупула наздик аст. Ҳамон Дупулае, ки табиат аз ду канори шахи ҳамвор рўди Зарафшон убур карда як ҷазирачайи хурд сохтааст, ки ду пул надошта бошад, аз ин роҳ танҳо парранда мегузарад. Борҳо шудааст, ки дар ду канори пулҳо задухўрдҳойи хунин ба миён омадааст...
Фавҷ чун ба сари Қашқоийи Дупула расид, қарор гирифт. Талоя фиристод, то хавфу бехавфийи камару паси сангҳоро муайян созанд. Ва дар ҳавойи гарм бо думу даст пашша задани аспонро аҳамият надода, ҷунбиши аспашро ба эътибор нагирифта бо дурбин сар-сари маҷро ва бехи ҳар санг ва камари рў ба рўро аз назар мегузаронд.

пешина
аз 421
навбатӣ