Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун талояйи хеле сустгарду эҳтиёткор ба лаби рўд хамида, боз сари хамгашт пайдо гашта, ишорайи осудагӣ кард, фавҷ аспонро лаҷом афшонд. Аспон сарбадум қатор шада пулҳойи Николайиро убур карданд ва то Дуроҳайи Амондараву Ёрӣ расиданд. Аз ҷониби дашти Маҳрў ғуборе сабук ба фазо печида наздик меомад.
Даста лигоми аспон кашид. Нафаре чу посбон ба сари мўлайи ҷониби Зарафшон баромада даст лапар карда сўйи чангу ғубор нигариста чизеро маълум кард баройи хеш ва кафи даст сўйи фавҷ бардошт: «Саворе меояд башитоб!»
Сарҳанг Шатенин дурбин монд.
Дигарон саф кашиданд. Омода гаштанд ба ҳар ҳол.
Савори башитоб наздик омада пуршаст ҷилави аспашро кашид.
Сиёҳмушкинаш чароғпоя шуд. Мазмун, савор баъди аз пастхамӣ ба баландӣ баромадан дастаро дид. Шояд воҳимааш гирифт, ки боздошт аспро ва нафаскашийи бора саворро шину бардор мекард.
Дар самти чап бўзи сўхта буд ва гармо забона мезад, чун сароб чашми касро мебурд. Шубон рамайи шояд аз қади рўд об дода баровардаро пешандоз мегурезонд.
Шатенин дурбин аз чашм гирифт, ки саворро бо чашми оддӣ рўшан дидан имкон дошт. Савор бараҳнасар, ришу мўйлабаш тарошида ва миёнбанди гулобиро чун дирафш парафшон карда, бо ҳаракати даст алвонҷ медиҳад.
Шатенин ва ҳамраҳонаш дарёфтанд, ки ливо ба аломати ошнойӣ меафшонад. Дасти сарҳанг дар ҷилди пўстийи таппонча; чанди дигар беамр камон рост карда буданд сўйи савор. Туғрал гўё ки ба дандон медида бошад, чунон ки зеҳн монда маънӣ аз сафҳайи китоби Бедил мекашид, аз рўйи ақлу хирад дида ба савор дўхта буд, ки шояд шиносад. Лек нашинохт. Чеҳрайи офтобхўрдайи кўҳистонӣ дорад, аммо ҷангҷўро намемонад, зеро савориаш суст ва дар дасту камар ҳеҷ афзори ҷангӣ надорад. Ва ў чун бо ризоят ва ишорайи сарҳанг пештар омад, худро шиносонд:
— Ман – Бурҳон! Писари Шарифа! Модарамро то гулў дар замин гўр кардаанд. Мемирад ё... аллакай...
— Кӣ кард чунин? – пурсид Шатенин.
— Ҳомид-қўрбошӣ! Дастайи ў дар паси Хонайи Сафед.
Шояд Шатенин доми тазвир пиндошт, ки ишора ба нафарон кард. Ва онон гирди Бурҳон гирифта, ду савор аз ду ҷониб лаҷоми аспи ў доштанд. Сонӣ фавҷ ҷунбида ба ҳаракат даромад ва лигоми аспи Бурҳон дар дасти саворони рус пеш рафтанд. Ҳоло ки ба гуфтаҳойи Бурҳон чандон сарфаҳм нарафта буданд ё мақсаду муродашро хуб нафаҳмида буданд, Шатенин пиндораш ў чизе гуфта бошад, аз тотор - тарҷумон пурсид:
— Чӣ мегўяд?
— Ҳарфаш ҳамон: номаш Бурҳон, писари Шарифа ном зане.
Ҳамон зане, ки то гулў дар замин гўр кардаанд, модари ў будааст.

пешина
аз 421
навбатӣ