Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зуд-зуд ба роҳи нишеб менигарад, ки саре пайдо мегардад ё на?
Фарози болойи Варзи Манор, ки ба Куруд мебарад, зонушикан аст. Дами Нақибхони дар шаҳрҳойи бузург таҳсили илму адаб карда кўтоҳ мешавад. Ҳайрон, ки шикор равад, чунин фарозу баландиҳоро бемалол ва осон мебарояд, ҳолиё нафасаш мегирад.
Сабабашро сарфаҳм намеравад. Дар ҳолатҳойи шикор бо ҳавас ва шавқи сайд бо чӣ роҳҳое рафтанро кас пай намебарад, аммо ҳоло, ки аз андешаҳойи зиёд азоб мекашад ва чашмаш ба роҳ, ки нохалафон ба сари навҷавон офате наоранд, торҳойи асабаш таранг, завқаш мурда ва хеле парешон; аз ин рў фарозро баромадан душвор.
Як гурўҳ досу калтакбадаст аз хами роҳи ҷониби Панҷакат пайдо гашта шитобзада рост ба майдоне меомаданд, ки ҳанўз Сиёҳ майли хестан накарда буд. Алопар чун офат омаду онро заду рафт.
Инак дар ҷавоб балойи дигар пайдо шуд. Аммо Алопар пеш-пеши ҷавон ва дуртар аз он Нақибхон фарозро то нисф рафта буданд. Ва он дастайи беандешайи ниқорталаб ба ҳарфи ҷавон бовар карда, ба пешгардон кардани касони дуруст ва мардони бузург эътибор надода чун аҷали ростин ҳавойи тозайи Фарғарро такорў карда ва реги тари аз оби раҳмат рўйи роҳ хобидаро пахшу пош дода, воҳимаангез ва хурўшону ситезон меомаданд, ки ҷанг бо саг на, бо саговарда карда бошанд ва азоби алимро ў кашида бошад. Равшан нест, ки ҷавон бо ҳамдиёриён, пайвандон ва табори хеш чӣ гуфт, ки ин қадар дамида меоянд чун селайи орувони ба хонаашон чўб хаста, ки касе ё чизе дами онҳоро гирифта натавонад.
Чашми ҷавон ба Алопари гурггир афтод, ки пешопеши ду нафари аз ҳам дур паҳлавонона мерафт. Дар асл хаста, андешаманд ва аз тарси он ки ҷавон ба гарданаш каманд андохта боз ба размгоҳ барад, тарсу ба пас нигашта дасту пойи шеронаашро бардору мон мекард. Ў ҳамроҳонро огоҳониду сўйи фароз ангушт тир кард ва ҳамлавар шуд ба он сўй.
Дур бошад ҳам, Нақибхон сурфид, то ҷавон нигоҳ карда ононро бинад ва илоҷи воқеа қабл аз вуқўъ кунад.
Ҷавон шунид, нигашт, дид.
Ва онҳо ҳаммонанди одамони ҷамъияти ибтидойӣ, баройи миёнагир карда, бо асову калтаку досу табар сайд намудан, фарозро рост шуданд.
«Ҷаҳолат-ку, мо як қадам пеш нарафтаем. Дар ҳамон ҳолат, ки кўҳу камар маконашон ва чўбу табар олоташон буд.» Ва чашмаш ба ҷавони бозистода афтид: «Зудтар рў панаҳ бикун, ки бекаҳдуд мекушанат!»
Вале Наврўз буду хуршед механдид. Дар адиру канори роҳ сабзаҳо руста буданд ва баҳману наврўзӣ шукуфта. Алопар пойҳояшро шикаста чукка зада рўйи роҳ нишаст ва ҷавон ҳам бозистода даст рўйи чашм лапар карда сўйи гурўҳ менигарист ва бозӣ мепиндошт.

пешина
аз 421
навбатӣ