Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо саги зирак зуд бархоста, хавф ё ноомадеро пай бурда, сахт нигарист сўйи гурўҳ ва ба буттаву ғўтҳойи канори роҳ шошидашошида мерафт.
Нақибхон низ хавфро пай бурда, ҳишшагирифта кўҳталро тез гашт ва наздик ба ҷавон омада фарёд зад:
«Ягон чизро мефаҳмӣ ё на? Онҳо ба куштанат меоянд!»
«Ман чӣ гуноҳ кардам?»
«Сагашонро куштӣ-ку?!»
Ва ҷавон то куҷо ҳам мегурехт? То хона омад. Сагро дар оғили тағояш бобойи Аваз қава карду пушти дар фишанг гузошт ва худ содагӣ карда дар оғили ҳавлийи худашон ҷой шуд. Модар, ки огоҳ аз чизе набуд, рўйи бом чархак ришта, ҳайрон монд. Ва паси боғи падариаш пайдо гаштани як шахси ношинос ҳайраташ афзуд. Баробари бурун омада, мардро салом дода, шарм дошта боз ба хона даромадани духтарбародараш чархак аз дасташ афтид, ки ин корҳо баройи кўҳистониён бегона ва беорист…
… аммо чун фавҷи мусаллаҳро дид, ки аз сойи зери деҳ сар баровард, дар ҷояш нишаст.
«Истам!»
Фарёд зад ў. Духтар садояшро нашунид. Ҳалқайи аз пашм оростайи сойиди чапро бароварда рўйи боми пастак, паҳлўйи чархаки афтида гузошт ва он сў рафт, то донад, ки ин ҳама ҳангомаҳо чӣ маънӣ дорад.
«Апа, писаратро гурезон, инҳо ба куштанаш меоянд.»
Даҳони модар воз монд ва ҳайрон ба ҷавони ношинос менигарист, вале карахт, намедонист чӣ кор кунад. Зеро огоҳ аз чизе набуд.
«Куҷо шуд?»
Модарро ба худ овард ин суол. Пурси дигар қаҳрашро овард:
«Куҷо гурехт он номард?!»
Нақибхон посух надод, балки аз фикр гузаронд:
«Номард шумо… Ў бозийи ҳалол кард.»
Аммо соҳиби саги Сиёҳ, ки ҳанўз осори сиришки алам дар чашмонаш боқӣ буд, садо дардод:
«Ай шоир! Ўро куҷо гурезондӣ?»
«Ман ўро чӣ кор дорам, бо кори хеш омадаам. Бобойи Авазро нигарон!»
Миёни даста чӣ машварате буд, ки суст шуданд ва ҷониби Нақибхон нигаристанд. Аммо он ҷавони гириста худро ба замин мезаду хў мекард, то он ҷавонро пайдо кунанд.
«Саркоратон кист?»
Касе посух надод. Ба якдигар менигаристанд, китфон дарҳам мекашиданд.

пешина
аз 421
навбатӣ