Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва шоир ўро аз давра бурун андохтанӣ буд. Аммо Сиёҳро, дониста, раҳо кардани Алопар ўро аз чунин андеша боздошт.
Алопар раҳо кард, аммо Сиёҳ мурда барин намеҷунбид. Соҳиби саг дигар ҳама чизро фаромўш карда аз давра баромада ба роҳи сўйи офтобнишин тохт.
«Авлодашро ҷамъ карда ба сарат меорад, бачча. Сагатро гиру гурез!»
«Ин саг аз ягон саг нагурехта буд, бори аввал чунин ҳодиса рух дод. Соҳибаш шах шуд.»
Аммо соҳиби Алопар чӣ кор карданро надониста, сари сагро сила мекард ва он иринҷос мезаду мепечид, ки ин ҷо ҷойи мо нест.
Ва аз давра баромаданӣ шуд. Ҷавон каманди мўйинро ба гардани Алопар андохтан хост, аммо вай реб дода аз миёни мардуми давра убур карда болорў сўйи Куруд равона гашт. Гўё даврайи сагҷанги Наврўз хунук шуд. Аммо ҷавонони курудӣ ё мардони ба тамошо омада ҳамроҳи ҷавон нарафта, ба роҳе, ки соҳиби саги Сиёҳ рафта буд, нигоҳ доштанд, ки бояд балое ё вабое пеш ояд.
Саги Сиёҳ ҳайрон, ки чаро соҳибаш нест?
Вай гоҳе ки пеши чашмонаш аз мўйи танаш ҳам сиёҳтар буд, чизеро намедиду намешинохт ва хаёле ба худ омад, чашм кушоданӣ шуда зўр мезад, аммо дарди тоқатфарсо намегузошт, ки чашм кушояд. Ҳамин қадар мехост, боқӣ чизеро ёд надошт. Баъд, ки ҳама намойиши наврўзиро поён напазируфта, тарк гуфта, ба умеди намойиши нав ба ҷонибе, ки ҳама балоҳо ба сари Фарғар аз он сў меомад, рў оварданд, Сиёҳ оламро фанопазируфта ва сокиту ором пиндошта, оҳиста чашм боз карданӣ шуд, натавонист. Гўё дар замираш умеде ё равшание ҳаст, аммо чашм кушода онро дида наметавонад. Хоб буд, хаёл буд ва ё аз бедориҳо дар гўшаш нишаста, ки садойи «ак» баромад. Сиёҳ шунид онро, вале фарқ карда натавонист, ки чист. Садойи Зарафшони ҷонгирифта ҳам аз он пастӣ ба гўшаш намерасад, боде ҳам намевазад. Кўҳистон хомўши хомўш. Садову сояйи ҳангомахоҳоне, ки ба корҳойи шайтонӣ хеле рағбат доранд, низ нест. Пеши назараш фазо гоҳе рўшан мешаваду оне тира, рўшан мешаваду тира ва ў чизеро фарқу пайхас карда наметавонад. Ё ўро душман дониста, ба чоҳи бетаг андохтаанд ва ё ба сараш ҷуллу ҷувол кашидаанд.
Дард мекунад гарданаш, ҷонаш…
Алопар даҳонаш хунолуд, забонаш кашол, зардоб мечакад; чун паҳлавони аз гўштӣ бефара гашта пой мемонад гарон ва сари шеронааш вазнинӣ карда алвонҷ мехўрад ба ду тараф ва пешопеш
– гоҳ-гоҳе гардан тофта ба пас менигарад, ки ҷияни беҳудакори бобойи Аваз меояд ё на. Касоне бекору бебоку шумтабиат ва ҳангомахоҳи сабуксор чунин ҳамҳамаҳоро ба вуҷуд меоранд.
Нақибхон, ки дар борайи ин ҷавон чизе намедонад, аз пасаш кашола шуда сўйи фароз меравад, то ҷавонони бесару баҳонаҷў осебе нарасонандаш.

пешина
аз 421
навбатӣ