Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Алопар ҳамон ҳаракатҳоро низ мебинад ва гўшу сару гардан бозӣ доронда мувофиқи ҷунбишҳо ва рафторҳо рафтор мекунад.
«Сагат ҷангдида, ҷўра?»
«Ҷангашро надидаам, аммо ду гург гирифтааст, – чоки гўши зарди Алопарро ламс кард ва афзуд: – Аломати ҳамон.»
Саг гўш аз ангуштони ҷавон раҳо карда, афшонд ва гўйӣ ҳушёр шуд, ки масъала чист.
Нақибхон андаке майл ба пушт кард ва аз китобҳойи муқаддас дар хусуси саг чизе нагуфт: «Феъли саг ба соҳибаш маълум.»
Ва сар доданд сагҳоро. Алопар ситез накард. Саги Сиёҳ тирвор ҷониби ў тохт. Алопар худро чап гирифт ва Сиёҳ миёни одамон рафта, фиғони онҳоро баровард ва писаракеро сахт лат дод. Алопар зуд гашту онро савор шуд. Сиёҳ гардан тофта газиданӣ шуд, ки натавонист ва Алопар аз буни гарданаш дошта, сахт пахш кард. Чаҳор дасту пойи Сиёҳ боло шуд ва дасту по зада рақибро озор доданӣ ва дур андохтанӣ мешуд. Алопар онро бардошт. Боз ба замин заду пахш кард. Дер дошт, ки ҷунбида наметавонист.
Соҳиби Сиёҳ тохта омада Алопарро заданӣ шуд. Нақибхон дасти ўро дошт: Ҷавон ўро заданӣ шуд: «Мекушад!»
— Ин бозӣ. Ё мекушад ё мекушӣ.
— Шоирет ба худат!
Навҷавон ҷанги сагонро монда таваҷҷўҳ ба шоир кард ва фармуд:
«Ман шуморо шинохтам.»
Нақибхон сар ҷунбонд:
«Ман ҳам туро шинохтам. Аз авлоди бобойи Аваз нестӣ?»
«Ҷиянашон.»
Ин замон соҳиби саги Сиёҳ аз пойи Алопар дошта пас мекашид. Ва Алопар парво накарда, агар ба зўри бозуйи ҷавон пушт равад, Сиёҳро низ кашола мекард.
«Саги доғулийи ботаҷриба будааст.»
Гўё ғиреву ғалмағалу доду фарёди тамошобинонро касе намешунид ва луқмаву кинояву таънаҳо ба гўши касе намерасид, аммо ин ҳарфро ҳама шуниданд, пасу пеш садо дардода тасдиқ мекарданд:
«Ҳалолаш бод!»
«Ана инро саги боақл мегўянд!»
«Чӣ лозим ҷик-ҷику ак-аки беҳуда?»
Чашмони оташбори Сиёҳ ало шуд. Соҳибаш аз саросемагӣ тоқийи сарро гирифта Алопарро мезад. Ўро писанд набуд. Баъд ба лагаташ зад Алопарро. Нақибхон чунон ки пештар сагро гўсфандкаш мекард, ҳолиё соҳиби сагро ҳамчунон пас мекашад.
«Ту чӣ ба ман часпидӣ, шоир!?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор