Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоири ҷавон ҷуз он ки чунин накҳату назокатро мебинад, боз ба халқ наздик омадан мехоҳад. Бавижа дар сўҳбати пирони кор ва кашоварзони ботаҷриба буданро авло медонад, ки аз зиндагӣ, азобу роҳати он; заҳмату меҳнат ва омади сол ва бисёр чизҳойи дигар гуфту шунид мекунанд; чизҳойи ҷолиб мегўянд, ки аз китобе пайдо кардан имкон надорад. Он ҷо падари обрўманд ва бародари бузургаш Мансурхон низ бояд ҳузур дошта бошанд.
Гирду давра нишастаанд онҳо. Баробари дидани Нақибхони муллопўш касоне аз ҷой мехезанд ва ў хиҷолат кашида пой аз рафт бозмедорад: «Гунаҳкорам накунед, шумо бузургтаред аз ман.»
Аммо эҳтироми хатмкардайи мадраса ва шоирро ба ҷо меоранд.
Ҳамин чиз одоби шарқиёна ва бузургдошти илму каси илмдор бувад. Давра фарохтар, мардум зиёдтар ва сўҳбат гармтар мешуд; аз барфу борон, аз рўзи нахусти сол, аз осмони соф; аз кишт, аз тухмӣ, аз хамма, аз молу ҳол, аз доройиву нодорӣ, аз азобу машаққат, аз ҳар чизе ки баройи зиндагӣ зарур асту мардумро ба по медорад, сўҳбат мекарданд, ба вижа аз ҳаёту мамот. Баъд омаданд ба сари он ки имсол чанд тан мадрасаҳойи Самарқанду Бухороро тарк карданд ва кӣ монду кӣ омад. Сухан аз таълиму илму фазли Нақибхон рафт, пирон гуфтанду ситойиш карданд ва кушойиш доданд, сонӣ хоҳиш шуд, ки шоир шеър хонад. Чун даврайи кашоварзон буд ва шуғли асосийи мардум буд, Нақибхон миннатдорӣ кард, иди фархундаро барояшон муборакбод гуфт ва арз кард, ки чун Наврўз аст, «Наврўзнома» бихонад:

«…Ба ҳар соле зи ҷумъа то душанбеҳ,
Қиёсе кун аз он солаш баду беҳ.
Агар шанбеҳ ояд рўзи Наврўз,
Бувад он сол пурбарф, эй дилафрўз!
Бувад он сол хушку нарх арзон,
Агарчи камтар орад абр борон.
Бувад нуқсони дахлу мева камтар,
Шавад дар соли дигар ғалларо бар.
Валекин кўдаконро марг бошад,
Аз он нахли падар бебарг бошад.
Агар Наврўз дар якшанбе ояд,
Ба назми ин сухан фикре биёяд.
Зимистон тангу сармо саҳл бошад,
Ба сарҳо кай ситези ҷаҳл бошад?!
Шавад борони бисёре баҳорон,
Шавад тағйири пунба, ғалла арзон.
Валекин мевааш бисёр гардад,
Баҳори хуб, пур анбор гардад.
Агар душанбе ояд рўзи Наврўз,
Ба некиҳойи ғалла чашмро дўз…

пешина
аз 421
навбатӣ