Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намедонад касе онро ба ҳар ҳол,
Шавад ғалла гарон дар охири сол.
Агар Наврўз дар сешанбеҳ ояд,
Яқин он сол сар то сар беҳ ояд…
Агар шуд чоршанбе рўзи Наврўз,
Мапурс аҳволи сол, эй марди дилсўз.
Дар он сол, эй бародар, ғалла корӣ,
Шавад некў зи борони баҳорӣ.
Шавад ғалла талаф, чунки дар он сол
Миёна бошад исм он солро ҳол.
Набошад нархро охир қароре,
Ба мардум марг бошад бешуморе.
Агарчи мардумон гарданд беҷон,
Валекин бештар марги бузургон.
Агар Наврўз дар панҷшанбеҳ ояд,
«Накў сол аст ин» гуфтан нашояд...
Агар дар ҷумъа ояд рўзи Наврўз,
Зи ҳайронӣ шунав, ин назм омўз!
Зи ғалла баҳрае гиранд мардум,
Зи ҳар ҷинс, аз ҳама беҳтар зи гандум.
Шавад дар мардумон кам мева хўрдан,
Шавад бо кўдакон бас маргу мурдан.
Ду-се байт аз Нақибе ёдгор аст,
Чаро к-ин аҳли ҳикматро ба кор аст.»

Каф кўфтанд, ки Нақибхон ба ин ҷавонӣ ба рафти рўзгор ва оғозу омади сол чунин эътибор медиҳад. Ў аз ситойиш ва хушгўйиҳойи ҳамдиёриён сурх мешуду шарм мекард ва бо гўшайи чашм ба падар менигарист: падар ғуруре дошт ниҳонӣ, дар дил меболид аз чунин писар; низ менигарист ба писари бузург Мансурхон, то чӣ вазъе дошта бошад. Хандон буд худ ба худ ва рўяш офтобгирифта. Ба андешаҳойи хеш сар такон медод падар, вале чизе намегуфт:
«Офарин шуморо бо чунин тарбия, эшони Бобохон!»
Падар шуниду сўйи садо нигарист ва сар андохт.
Дигарон баногўшӣ мекарданд ва миш-миш.
Шоир эшонро таъзим карду бирафт, то назди падар густохие нашавад. Назди гурўҳҳое омад, ки намойишҳо доштанд:
Кабку хурўсон ҷаҳида панҷа ба ҳам мезананд ва аз пушти гардани якдигар дошта ба замин пахш карданӣ мешаванд. Панҷайи тезу гиро ва минқори сахт аз майдон дур меандозад нотавонро.
Гуреза пушт мегардонад ва аз тарси зарбайи сахту гарони зўр сар хам карда ё миёни пойи тамошобинон ҷой гузидан мехоҳад ва ё мадор дошта бошад, аз тори сари онҳо парида рў ба кўҳ меорад; ягона ҷойи озодӣ, ки зўран ин қадар озору азобро ба сар бор намекунанд.

пешина
аз 421
навбатӣ