Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

«Ташна мондааст.»
— Ҳалок шудед? – шинос барин пурсид духтар.
— На. Ҳалок на. Андак хаста шудам.
— Ташна мондед?
Туғрал табассум кард ва фармуд:
— Обҳойи шумо шўр. Ҳар қадар зиёд хурӣ, ташнатар мегардӣ.
— Банамак, гўед… Шўр нагўед!
— Шумо духтари кӣ, ин хел маънидон?
— Духтари Аваз-деҳқон.
— Ҳааа-а…
— Варзи Манор мефароед?
— На. Зосун меравам.
— Зосун? Деҳайи Нақибхон Туғрал?
Сайёд аз санги нишастааш лағзида руйи роҳ фуромад ва духтар андаке аз девор дур шуда, гўшайи рўймол газид. «Худоё, ман чӣ кор кардам? Мардуми деҳро медонӣ, ба як пурс посух доданро баҳона оварда, духтаронро бадном мекунанд.» Ва ба саги гўшҳойи буридааш баробари чашмаш ба пурсу посухи онҳо чур, ки гоҳ ба даҳони духтару гоҳ ба даҳони сайёд менигарист, муроҷиат кард:
«Алопар, биё, беодобӣ накун!» Ва гоҳи рафтан ў пеш-пешу Алопар аз пас, ягон-ягон баргашта ба роҳгузар менигарист, ки ҳоло ҳам рўйи роҳ нишаста. Духтар дами дари хона расида, бозистод ва он сў гардан тофт. Сайёд камонро асойи чўпонӣ барин рост дошта менишаст ва майли хестан надошт. Деҳа ва иморатҳойи зина-зина сохтаро аз назар мегузаронд, аммо гўшайи чашмаш банд ба онҳо буд…
ОБИ РАҲМАТ
Наврўз. Дар атрофи манорайи на чандон баланд, ки назди
кўҳҳойи фалаксо хеле паст метофт, гурўҳ-гурўҳу даста-даста ва
ё қавм-қавм мардону ҷавонон ва кўдакони зиёди сермағал гирд
омада, намойишҳойи идона мегузаронанд: сагҷанг, хўрўсҷанг ва
кабкҷанг. Ҳеҷ гуна шарту шаройит надорад, танҳо баройи вақтхушӣ. Нақибхони аз илми мадрасаву шаҳрҳо ва ҳавойи дилгири он
ҷойҳо сер гашта низ баройи болида доштани табъи хеш ва чандин
сол боз аз чунин бозиву намойишҳойи халқӣ дур, оҳиста-оҳиста
гом зада аз болорўка ҷониби маркази Фарғар омад. Медонист, ки
дар ин рўзи офтобӣ, баъди гиристани абри найсон ва боридани
борони раҳмат кўҳу пушта ва дашту даман он қадар дилкаш, ки
каси назъи ҷон ҳам зиндагӣ кунам мегўяд. Дар адиру пушти бораҳо
ва канори роҳҳо сабза дамида ва ҷо-ҷо гули баҳману сияҳгўшу
наврўзӣ руста, дили касро бедор мекунад ва зангу обилаҳояшро мезудояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор