Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Устохонаашро сўхтанд, худашро…
— Худашро? – осема ва бовар накарда ба ҳаяҷон омад Туғрал.
— Куштанд.
«Худоё!»
«Худоё!!!»
— Акнун аз пайи усто Раҳмонқул.
«Худоё! Ин чӣ шўрест?!»
Туғрал ҳама чизро фаромўш кард: зиёрати гўри Шамсиддинро, таъқибу тарси қозиро, меҳмони олимақоми шаҳри Самарқандро.
Пеши назараш чизҳойи дигар меомаданд; андешайи зиёд дошт аз тўҳмату дасисаву ғаммозиҳо; аз беқадрийи инсони поку нек; аз шўри замона ва боз аз ҳамон нокасиҳо, ки худкуши бегонапарвар ҳастем.
«Усто Фаррух, ҳавлийи Тўтихон ҳамин. Ба ранги дарвозааш нигаред; ранги худи чўб. Мо ин ҷо мемонем, шумо усто Раҳмонқулро пайдо карда меоред. Агар пайдо накунед, дар куҷо буданашро аниқ карда оед.»
Усто Фаррух таъзим карду рафт.
ОБИ ТАҲОРАТ
Ҳавлийи Тўтихон дар гузари Сўзангарон. Дар канора бувад ва замини кушод дорад. Баройи аспи Туғрал ҳам ҷойи боб. Рўфтаву обзада, озода чунон ки худи кадбону. Ба зани шаҳрӣ будани ў кас бовар намекунад. Чунон ки хонаву дарашро ободу озода дорад, ба Гули Бодом низ чунин рафтор мекунад ва поруро якбара зада, мерўбаду мечинад; дар набудани соҳиби асп наҳорӣ ва ему хошок медиҳад. Бо ҷонвар чунон муносибату эҳтиром дорад, ки Тўғрал ў бошад.
Тўтихон зан не, фаришта. Ба ҳам омадани сурату сирати зан дар симойи ў таҷассум гашта. Сиҳиқомат, на сафеду на сиёҳ; гандумгуни офтобхўрда. Пўсти таранги дилкаш дорад. Равғанин ё атрогин метобад. Абрўвони пайвастайи байнаш хамида, ки аз реша сабзида, ду барг ба ду ҷониб нумўъ карда бошад; бинийи рост, чашмони сиёҳи зинда, пешонийи ҳамвор, мўйи сиёҳи равғанӣ, гўшҳойи хурди муносиби рўй, манаҳу занахдони камгўшт, лабони нозук ва дандони мор дорад; сапеду симзада. Хандад, гўйӣ гул шукуфт.
Гоҳи гиря ҳам Тўтӣ зебову хушандом аст. Танҳо, бефарзанд. Касе, ки дорад, Туғрал аст. Ва шоирро тасаллибахш. Агар Туғралро дар Фарғар озор диҳанд ва ранҷонанд ё худ илҳоми шеъргўйиаш наояд, сўйи ў раҳ месипарад ва шеър мегўяд:
«Ба мизроби дигар қонуни ишқат соз мекардам,
Навойи пардайи ушшоқат аз шаҳноз мекардам.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор