Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Тўтӣ ноз мекунад: гоҳ рўйи дасти шоир, гоҳ дар оғўшаш, дар паҳлўяш, дар рў ба рўяш, дар гарданаш чу тавқ ва оне хидматгор, ҷонсупор; лаҳзае нозгунҷ, азизтарин… Шаборўзон мусоҳиб, ғамбурор, шеърхон ва шеършунав. Ба назари Туғрал дар ду дунё монандашро пайдо кардан муҳол аст.
— Шеър бихонед, тозаашро…
— Нагириста бигўй, хубашро мехонам.
— Охир чун нагирям, ки ҷуз шоир касе надорам.
— Магар кифоя нест?
— Кифоя. Аммо аз ман нест. Гумон дорам, баъзан хаёл мекунам, баъзан мебинам, ки шуморо аз дасти ман мерабоянд.
— Кӣ?
— Онҳоро намешиносам. Бегонагон…
— Шояд аз баройи ту шуда?
— Нагўед… Ман чунин зан нестам. Агар шавҳарамро намекуштанд… Душманон намекуштанд ва шумо бо шеърҳойи ҷаззобатон ақлу ҳуши маро намерабудед, дар ду дунё ёди мард намекардам.
Ягона умедам ва орзуям нишоне аз шумо…
— Инаш кори Худованд. Агар надиҳад, мо сохта наметавонем.
Созанда худаш.
Лаҳзаҳо зиёданд: Туғрал ҳам ёд мекунад, Тўтӣ ҳам:
— Ин кабкро худатон шикор кардед?
— Бале, худам. Баройи ту.
— Чӣ хел зебооо… Ин чашму абрўву ин лаби ақиқинро бинед…
ин сари синарову…
— Ба ту монанд, Тўтӣ.
— Аз ин рў тир мезанед?
— На. Ман мехоҳам, ки дар Кўҳистон ҳам туро бинам. Тир мезанаму баъд пушаймон мешавам. Аҳд мекунам, ки дигар намекунам. Лекин баройи ту сайд мекунам. Медонам, ки гўшти ҳайвон намехўрӣ, ки пир мешавӣ. Тароватат кам мешавад…
— Оҳ, шоир, баройи ман худатон оед.
— Ва донӣ, ки то омадан ва то туро дидан чӣ умр ба сар мебарам… Гургон тала кунанд дилу мағзи сарамро. Гумонҳо даркашанд хунамро. Шайтон дар хунам ҷой гирад ва бероҳа кунад ва натавонам истодан дар Кўҳистон. Нашри китобро баҳона карда зуд-зуд нишеб шавам чу Зарафшон.
— Элак - баҳона, дидор - ғанимат.
— Дорад албатта, Нақибхон, вале баройи кӣ чӣ гуна? Худованд фармояд.
Тўтӣ садойи кушода шудани даричайи дарвозаро нашунид,
аммо ғур-ғури сўҳбатро шунида, қашаву ҷорўб канор гузошт, домони нифа задаро берун кашида ҳамвор кард ва сатили обро низ аз назди асб гирифта дур гузошт ва остинҳо барзада, сойидҳойи монанд ба синайи моҳиро остин фароварда пўшид ва ба пешвози меҳмонон омада салом дод; обдаставу дастмол овард, то об резад ба дасташон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор