Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эҳтиёт бош, шоир, мурғе, ки пар меканӣ, мо сайд кардаем.
— Оре, рафиқ сарҳанг! Ман аз дил гузаронидам, ки аз ҳамайи онҳое, ки ба ин сарзамин қадам ранҷа карданд, қадами шумо хуҷиста хоҳад буд. Зеро шумо ба ҷуз донойиву хирадмандиатон ғайбдон низ будаед.
— Бало метобӣ, шоир, ба сухан ҷома пўшонӣ.
— Ҷуз ин матоъе надорад шоир.
— Ку чизе бигў!
«Дидам ба ароба ман зани русиро, Кардам ба қудуми ў заминбўсиро.
Гуфт: «Аз ҳунари фазл чӣ дорӣ?» Гуфтам:
«Шогирд манам суханвари Тўсиро!»
— Корош, но нипонятно.
— Мазмунаш ҳамин, ки русҳо одамони хубанд.
— Ҳааа-а…
— Дар куҷо дидӣ зани русиро, шоир?
— Дар Когон.
— Дар Когон чӣ гум карда будӣ?
— Девони шеърамро чоп кардам, рафиқ…
— Медонам, китобатро низ дидаам… Аммо бо ҷавонбухориён ҳамроҳ будӣ ё бо «Шўройи исломӣ?»
— Маро чӣ корест бо ину он? Ман шоирам, шеър мегўям.
— На. Қадре ки мо медонем, ба ин ё он гурўҳ мансуб ҳастӣ.
— Магар надонӣ, ки гетиро шеър вожгун гардонида?
— На. Дунёро шеър воруна нахоҳад кард. Шоирон баройи ободонӣ ва накўйӣ ва некномӣ шеър гўянд. Шоирони мо се асли зардуштӣ (пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек) ва ҳашт моддайи некноми буддойиро хуб донанд, ахлоқи ҳамидайи исломиро.
Аз ин рў баройи бадномӣ ва харобкорӣ шеър нагўянд…
— Ҳмм… Шумо ба моддаҳойи масеҳӣ коре надоред?
— Чаро? Ҳамайи он чизҳое, ки шумо дар назар доред, дар «Қуръон» омада. Мо аз саргузашт ва таълимоти ҳамайи пайғамбарон огоҳ ҳастем; онҳоро сари суҷуд меорем.
— Балоӣ, шоир, бало.
— На, ман бало наям, рафиқ Шатенин; касбам шоирӣ ва шеъри бузурги порсӣ маро водор кардааст, ки ин чизҳоро омўзам; фалсафайи Ҳинд, фалсафайи буддойӣ, фалсафайи чинӣ, юнонӣ, исломӣ ва ҳикмати шарқиву ғарбӣ ҳушдор месозад, ки омўзем.
— Кӣ ба умқи дониш расидааст, ки шоир расад.
— Оре, касе нарасидааст. Аз ин рў «Умр маҳдуд аст ва илм номаҳдуд» гуфтаанд. Вагарна сари киро мор газида, ки шаборўз мағз об кунад?
— Ҳатто Толстой натавонист ҳамаро аз бар кунад.
— Шумо хондаед Толстойро?

пешина
аз 421
навбатӣ