Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Баҳ-баҳ! Русе, ки асарҳойи Лев Николаевичро нахонда бошад, магар рус аст?
— Хондаед. Боз ҷанг мекунед, ман ба инаш ҳайрон…
Нақибхон аз дили соф гуфт ин суханро ва ба ҷанг нафрат доштанашро зоҳир кард. Аммо сарфавҷи русӣ хашм гирифт ба шоир, ки навъе киноя кунад; зиёдтар аз таъна. Ва хомўш монд, то дигар чизе нагўяд ба ин саллабасари ришдори мўкипўш. Нақибхон низ ба сару тани низомиёна ва риши тозатарошидайи Шатенин диққат дода аҷабаш омад, ки чӣ зарурате дорад ҳар рўз пўсти рўйи хешро теғ задан? Агар худованд ҳамон ришро раво намедонист, рўйи ҳар мардро занона меофарид. Шери нар ёлу бар дорад-ку, модашер ўро бо ёлу бараш дўст дорад ва боз чунон дўстдорӣ, ки ба касе иваз накунад. Ёдаш меояд: «Фарғариеро рўйи роҳ дучор меояд Нақибхон ва мепурсад:
«Сафар ба хайр?»
«Мардикорӣ, Тўра!»
«Мардикорӣ, ки меравӣ, занро ба кӣ супоридӣ?
«Ба Худо.»
«Лаънат туро! Ба касе супоридӣ, ки сад кас расад ҳам як сухан нагўяд.»
Боз баргашта нигарист сўйи сарфавҷи ҷиготандохта, ки худро ҷангӣ мегирифт бо ў. Ва латифайи аз зеҳн гузаронидаро нагуфт ба ў, то ба худ накашад; зеро ҷангу мардикорӣ ҳар ду як чизанд.
Яке заҳмат кашида мирӣ пайдо мекунад, дигаре кушта ва ё ғорат карда. «Худоё, чаро маро коно (нодон) наофаридӣ? Ман донам, ки рўзи сиёҳгардонидайи Искандар, арабҳо, Чингиз, Темури ланг, балуҷиҳо, қазоқҳойи скифӣ, манғитҳо ва туркҳойи дохилӣ боз ба сари мардуми мо меояд, ҳарфе зам ба ҳарф намекардам. Вале чаро ман домангир аз «фалаку» «сипеҳри бемурувват» шудам? Онҳоро маззамат кардам, «дод аз ҷафоят» гуфтам. Касро истисно кардам.
Ҳама касофат аз ўст. Ҳама бало нафси ўст. Вагарна инон чӣ гум кардаанд?»
Асби Нақибхон бинӣ афшонд ва савор ба худ омада сўйи низомипўш, ки пой бар рикоб тира карда, рост истодан мехост, нигарист. Ў дида дўхта буд ба пеш, гоҳ-гоҳ дурбин мемонд ба дур. Гўйӣ шапкайи ситорадораш баробари чашмонаш менигарист пешорў ва чунин менамуд, ки тамоми бори гарони олам бар тори лапараш нишаста; агар он воруна шавад, дунё сарнагун гардад. Шапкайи хокиранги ўст, ки осмонро дорад ва фурў рафтан нагузорад. Чун роҳро бе роҳбон медид, лигом мезад асбашро, ки суст мегардад.
Зеро худи ҳазорбад чунон банизом пўшида, ки мисли мурғи шикорӣ ҳама пару болаш кашида, таранг ва тобдор бошад.
Ин асбон чун бораҳойи мақдуниёну юнониҳо, фараси арабҳо ва тойчаҳойи муғул аз роҳи дур меоянд ва одат кардаанд чун сутурони корвон якмаром гаштанро. Асби шоир афкандагўш. Гарчи савораш маънийи бинӣ афшондани онро сарфаҳм нарафт, аммо аз гўш андохтани ҳайвон чизеро рамуз мегирад, вале надонад пешомад чист?

пешина
аз 421
навбатӣ