Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо шарт набувад, ки ў гўрам бузургтар гардад, гуфта хешро ба об ё ба оташ андозад.
— Амирам, ахбор додаанд, ки мири Масчоҳ «Давлати мустақили Масчоҳ» эълом кардааст ва зидди Ҳокимияти Советӣ шўрид.
— Кӣ ахбор додааст, Мирзоазим?
— Ба қавле, Нақибхон ва бародараш Мансурхон.
— Айб набувад. Чиҳилу се сол пеш ҳам ҷасурони масчоҳӣ зидди Ҳукумати Подшоҳӣ шўрида буданд. Порина ҳам балво бардоштанд муқобили Советҳо. Гўё бар зидди додгарон.
— Амирам, кудом додгар ба кишвари бегона ҳуҷум оварда марзу буми онро поймол кунад. Бедодгарро додгар шумурдан авфнопазир аст.
— Ман донам инро, Мирзоазим. Лекин ман киноя бар онҳое кунам, ки сиёҳро сафед гўянд.
— Магар нўлпоккунӣ нест?
— Ҳаст… Аммо ту чунон садо мебарорӣ, ки овозат аз ғори бетаҳ меомада бошад. Гўш андоз: дар тамоми Масчоҳ ғулғула дорад.
— Бигзор шунаванд, ки ба Масчоҳ пойи номуборак гузоштан саҳл нест.
— Худо чунин офаридааст, чӣ кунам? Оди дароз меофарид, боз хубтар буд. Душманонро нўки даст дар оташи офтоби муқаддас дошта, кабоб мекардам.
— Пешмаргатон шавам, амирам, волло рост мегўед. Охир ин ҳамсояҳойи поёноб чаро ин корро мекунанд. Дар борайи мо хабар мефиристанд ба вилояти Самарқанд. Як хўрҷин ғўлинг пеш-пешу худашон аз қафо сўйи вилоят мераванд ва боз хўрҷинро бурду бало пур карда ба Кўҳистон бармегарданд.
— Пас… ҳар бало аз Самарқанд бархезад?
— На. Ҳар бало аз буни сангҳойи Кўҳистон рўяд.
— Мирзоазим! Як балоро медонӣ!
— Ҳамон балое, ки шумо низ медонед…


Ман аз касе натарсам ҷуз аз худо, аммо аз ҳамсояйи номуросову бемурувват тарсам. Аз кирдори нокасон ва рафтори мунофиқон, аз бадкорийи ҳаромхорон ва аз душманийи дўстон тарсам.
«Қадами шумо дар ин сарзамин аввалин набувад, рафиқ сарфавҷ!»
Аммо сарфавҷ Шатенин нашунавад хаёли ботинийи ўро. Ба ҳар сурат чизеро пай бурда ба пас нигарад:
— Чизе гуфтӣ, шоир!
— На! Чизе нагуфтаам, аз дил гузаронидам… Шумо авлиёйӣ доштаед, рафиқ Шатенин.

пешина
аз 421
навбатӣ