Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Эй Офаридгор! Ин дарси таърих бувад: аз ибтидо – аз замони Одам сафиулло меояд; одат шудааст, ки бародар то накушад бародарро, ба мақсад нарасад. Он қадар китоби таърих хондем, он қадар ҷангномаҳо хондем ва донистем, ки одам ба одам дўст набудааст чунон ки гург бо гўспанд. Чунон ки гурба бо муш; шер бо нахчир, наҳанг бо моҳӣ, боз бо кабк, каргас бо лоша…
Панҷа ба гиребони бечора задан дар кеши мо нест. Ин одати бадкешон бувад. Мо суғднаҷодон ҳанўз ҳам ба одам бовар дорем.
Кас набояд бадкорӣ кунад. Набояд бародар бифребад, набояд кушад, набояд гуноҳи кабира бикунад. Аз рехтани хуни ҳайвон чашм мепўшем, чӣ монад ба хуни кас. Хунхора даррандагонанд, мо ширхораем. Чашми хунхорагонро хун гирад, вале мо, агар чашмамон сармо кашад, бо шир дуруст кунем. Мо бечораро гўл назанем, нафиребем, ба бероҳа ҳидоят накунем, ба варта наандозем, аз сари бора тела ба ҷарӣ надиҳем.
Худовандо, хости ту буд, ки маро халқ мири Масчоҳ хонд ва Оббурдонро пойтахт сохт ва бар дайҳим нишондам: «Сарварӣ танҳо аз дасти ту ояд» гуфт, «Зеро Ватанро дўст дорӣ» гуфт.
«Донем: агар падару модаратро кушанд, бар зидди кушандагон наситезӣ, вале гоҳе ки душман Ватанатро поймол карданӣ шуд, бо эшон ҷанг эълом дорӣ.» Оре, чунин. Аммо ман бо касе ҷанг эълом накунам барбеҳуда, зеро ҷанг хоси сагон бошад. «Касе чун Султонбеки Палоракӣ ватанхоҳ набошад.» Оре, Султонбеки Палоракӣ ҳаргиз овард накунад бо касе. Зеро хурўсе, ки ҷангӣ набошад, рў ба рўйи хурўси ҷангара сар додан маънӣ надорад.
Соҳиби хурўси нотавон дидаву дониста худро ба гарав нагузорад.
Ман ватанпараст, ватанхоҳ, вале хунхор нестам. Ва дар андоми ман навишта нашудааст, ки бояд биситезам, хун резам. Мирзоазими Ярмӣ чунин сурату симо дорад: қоматаш манору даҳонаш ғор, юғи гарданаш чун гардани гуроз, сабилаш ду мор, абрўвонаш ду каҷдум, чашмонаш оташбор, хунаш дар ҷўш. Аммо ҳамон ҳам бо чунон ҳайат овард накунад, балки бардошт кунад. Чун танг ояд, ангезад ва наъра занад: «Мулк вайрон шуд, об ҳаром шуд, хона сўхт, ҷавонон нобуд гаштанд, пирон кўч бастанд!!!» Даҳонаш ғор Мирзоазимро ва гулўяш карраной. Кўҳҳо биларзанд аз садояш ва шахҳо акс андозанд; чунон расад, ки талха диҳанд… Агар гўянд, ки тир кора надорад ба ҷисми ў, ман писандам, аммо аз он ки ман ба хун нигоҳ карда наметавонам, намехоҳам, ки ў низ бо чунон китфу бозу ва дастони рустамона, пойҳойи пилона ва каллайи шерона хун бирезад. Ин марди масчоҳӣ ва ҳар ҷавонмарди масчоҳӣ чунин сурату симо китфу бозу ва дилу гурда дорад. Ман онҳоро ёру ёвар медонам, нагузорам биҷанганд барбеҳуда. Гумон дорам, ки Масеҳо чунон будааст, ки гўраш ин қадар тўлонӣ. Гўри Мирзоазим низ чунин тўлонӣ шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор