Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз кӣ моро наҷот диҳанд онҳо? Магар аз худамон? Оре, ҳақ бувад, ки моро аз нотавонбинийи худамон наҷот диҳанд. Худо, аз ҷанги даруни остона амон бидеҳ, ки бузургтарин набард бувад.
Худкушӣ бадтар аз ҳар гуна ситезу овард бувад. Душмандўстҳойи мо чунон кунанд, ки бо дасти бародар кушта шудани бародарро нафаҳмем.
Худоё худовандо! Сулҳу салоҳро, адолатро, ростиву покиро офаридӣ, мо бар онем. Ба китфи рост хуспем, ба пойи рост хезем, ба дасти рост диҳему гирем; либос, пойафзорро роста пўшем; нонро бо дасти рост гирем, бо пойи рост роҳӣ шавем; ҳатто шаби зери чодар даромадани шаҳ ё арўс бикўшанд, ки пойи рости якдигарро бо пойи рост пахш кунанд. Ҳама корамон рост; диламон, ниятамон, рафторамон, кирдорамон пиндорамон рост. Ба рағми мо адўро ҳама кораш чаппа бошад.
Раҳмоно! Мо, ки аз риштайи ту ҳастем – росткор, магар адўямон аз риштайи аҳриманист, ки ҳама кораш чаппа. Чап мегирад, чап мепўшад, чап меравад. Ва баракси рафтори мо истода ба по шоша мекунад ва даст намешўяд. Пас чӣ гуна моро бо эшон биомезӣ? Онҳо низ фарзандони ту ҳастанд?
Яздони пок, Аҳриман нишаста бар дўши ҳама. Чӣ гуна тавонем, ки онро афканем? Шоҳу гадо шайтонӣ доранд; пас гетиро чӣ гуна метавон пок нигаҳ дошт? Омаданҳойи онҳо инсонӣ набувад. Осиф омадааст. Он, ки душмани мо буд, имрўз аз Сурхҳо гурехта, бар тўдайи мо задааст ва ҳамаро ба по хезонданист, ки ҷазо кунем.
Мо бар муқобили миллати ў ғазо кунем. Зеро Сурхҳо нафси ўро шикастаанд, хонабардўш кардаанд; молу маволашро рабудаанд.
Осиф бо дасти мо душман гўронданист. Вале ту бинӣ ва донӣ, Эзиди муборак, магар мо ба сари эшон тохтем? Рўзи зану фарзандони онҳоро сияҳ гардонидем? Мо дар сари марзҳойи хеш истода, то пойи нопоки душман ин покбумро олуда нагардонад.
Рўҳи муқаддас! Малол нашав, ки чунин пурсҳо кунам. Зеро дигар муттакое надорам. Донам, ки ин ҳама корҳо сарнавишт шуда, аммо одамӣ як бор бояд мадда кафонад ва дил холӣ кунад.
Ва боз худат ҳастӣ, ки бурдборона ва бо сабру тоқат ҳамаро гўш медиҳӣ; кас мегўяд армону таманнояшро. Ва умед аз ту дорад, ки ёру ёвар ҳастӣ, аз баду бало раҳояш кунӣ. Вале ин балое, ки ҳолиё ба сари мо омада, батар аз Азроил аст. Балойи дутарафа. Сари Спитамонро ҳамин хел балойи дутарафа хўрда буд: Искандар аз як тараф, масагетҳойи иттифоқчӣ аз дигар тараф.
Парвардигоро! Зўр ояд, кас ба ҳар роҳ мерафтааст. Душманони мову дўстони Сурхҳо, ки каллапўши сапед доранд, ин замон дўсти мову душмани Сурхҳо шудаанд. Худи мо низ аз худиҳо дўсту душман пайдо кардаем. Ду ҳамзод яке дўст моро, дигаре душман ва ҳарду омода ҳастанд, ки сари якдигар нўки найза бардошта ба ҷойи дилхоҳашон баранд.

пешина
аз 421
навбатӣ