Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале оё дар ин санҷиш танҳо богуноҳон миранд? Пўзиш!
Ҳоҷат набувад ба посух. Зеро пеши назари мо дӣ сапедҳо буданд, несту нобуд нагашта, сурхҳо омаданд. Ва ин рангҳо ба ҳам омехта нагарданд. Балки дар чунин ҳолатҳо сурх мисли сиёҳ бувад, ки дар як миҷа задан сапедро бихўрад ва аз он нишоне намонад. Вале мо донем, ки боз ту ранги сапедро аз ҳама рангҳойи номатлуб ҷудо гардонда, пок нишон диҳӣ. Зеро ин ранги дўстдоштайи туст ва ранги раҳмонӣ бар ин аст чу роҳи хайр.
Даҳон ба даҳону гўш ба гўш то мо расидааст, ки ту моро раҳондайӣ аз бадиҳо. Вагарна манзили мо ҳамвориҳо буда. Аз он ки омадаанду куштаанду сўхтаанду бурдаанд ва таъқиб кардаанд, моро раҳойӣ бахшидайӣ ва бар ин сангистон андохтайӣ. «Аз мурдобҳо нахўред, гандидаҳоро набўед, пўсидаҳоро пахш накунед!»
гуфта будайӣ ва «Аз оғоз оғоз бигиред, аз саробҳо об хўред, асли ҳар чизро бубинед!» гўён моро ба баландиҳо роҳ намудайӣ, то наздиктар аз ҳама дигарон бошем бо ту… Ман инро дарёфтам, Худованд! Аз ҳама наздиктаринем мо бегуноҳон! Тавба! Банда бегуноҳ набошад. Аз дигарон наздикем туро. Зеро болотарем.
Осмон қариб аст бо мо ва ситорагон чунон равшану наздику софу муҷалло, ки дар ягон диёр чунин набувад. Ҳатто дар Исфисор чунин нест. Болойи ситораҳойи дигар мулкҳо ғубор дорад; дар баъзе кишварҳо ситора то чашмак назанад, набиниш. Дар бархе ҷойҳо кам метобанд; дар баъзе шаҳрҳо бисёр мепаранд; дум кашол карда аз чашм ғойиб мегарданд ва чунин ситораҳоро ситорайи касони бузург меноманд. Зеро касони бузург ками дар кам ҳастанд.
Ту дониста офаридайӣ онҳоро ва бисёриашон бамашаққат умр ба сар бурдаанд ва боз ба дасисаву ғаммозӣ гирифтори тўҳматҳо даргузаштаанд. Мисол наорам; пур-пур. Танҳо се марди бузурги ин сарзаминро мегўям: Спитамон, Деваштич, Муқаннаъ… Чӣ ҳоҷати шарҳ додани ман онҳоро. Ватан ҳимоят кунем, гуфта, сар бохтанд… ва надонам, ки қисмати мо чӣ шавад? Бузург худатӣ.
Ҳар чӣ ояд аз ту, раво ва пазиро бувад.
Масчойиҳо гўянд: «Худованд моро мисли он донаҳойи хирмани кашоварз офарида, ки гоҳ сабз гардонанд, гоҳ бирён кунанд ва зиёдтар орд гардонанд.» Ҳамин сапеду сурхҳоро дар назар доранд.
Онҳо ду санги таку рў ҳастанд, ки донаҳоро орд мегардонанд ва гард-гард ба хамма орд пошиданашро тамошо мекунанд. Мо ҳамон донайи биҳиштӣ ҳастем, Худованд, ки саромадамон Одам чашойӣ карда. Вагарна моро насиб накарда буд ин дона.
Худоё, ду қувва Сапеду Сурх бо ҳам душманӣ кунад, ки ҳар ду душмани мост. Сапедҳо омаданд, ки мо подшоҳием, Сурхҳо омаданд, ки ҳукуматием. Ҳарду душмани мо, ҳарду душмани якдигар. Боз моро чун дона зери ду санги гарон орд мекунанд. Вале ҳарду ба мо гўянд: «Мо дўсти шумо ҳастем ва наҷотдиҳандаатон.»

пешина
аз 421
навбатӣ