Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Чун Бухоро, чун Самарқанд, чун Чочу Хуҷанд. Худойгоно! Ҳамин мондааст; ҳамин сангистон, ки ҷуз хорчаву хома чизе надорад.
Бисёриҳо омаданд, ки дили Кўҳистонро бидаранд ва хуни онро лахт бибандонанд ва чун лаълу ёқуту зумуррад бирабоянд. Эй чӣ қадар омаданд... Ту донӣ, Худойи ягона. Донӣ, ки Кўҳистонро хитта-хита, қитъа-қитъа, пора-пора ҳиссаву тақсим кунанд. Пеш аз Сурхҳо хиттабандӣ шуда буд. Чунон ки молдорони Кўҳистон ин корро кунанд: заминҳои алафу кўмоду юғанро гирд-гирд даста партоянд, то каси дигар ба он марз даравгарӣ накунад. Агар ин корро кунад, миёни авлод, қабила, гузар ва хонадон низоъ бархезад. Тақсимоти олам низ чунин бувад; аз баройи нафс. Ё маънийи зиндагӣ чунин аст, Худойгоно?! Ва ман, ки баройи пойдорийи Кўҳистон андар Оббурдон хайма задам, то пеши роҳи девбодро бигирам, низ нафс донанд? Худоё, чунон офаридӣ, ки авом ва душман баъзан нафсро аз номус фарқ карда натавонанд; онҳое, таҷовуз мекунанд ва чун Искандар зарри Машриқ ба Мағриб мефиристанд, нафс аст ва онҳое, ки хонайи хеш дифоъ, номуси аҳлу аёл ҳимоя ва диёри худ пуштибонӣ мекунанд, низ нафс аст. Ба назари онҳо. Аммо ту ҳар гулро рангу бўйи хоса бахшидайӣ, онҳо чунин нозукиҳоро ҷудо накарда ҳамаро якҷоя гул меноманд…
Хуб аст, ки Зарафшон наҳанг надорад… На, бад аст! Моҳиёни хурдро дигар ҷонварон ва наҳангу моҳиёни бузург мехўранд.
Кўҳистон ҳамин моҳиёни хурдро дорад ва боз нахчир, ки ваҳшиёни тавоно сайдаш мекунанд. Беҳимоя ҷонварони Кўҳистон. Аз ин рў пиндоранд, мардумаш низ бемуттако ҳастанд. Худат муттако, раҳнамо ва дўсти мо. Такя бар худат. Ин бори сангини моро ҷуз худат касе бардошта натавонад. Ин сарнавиш аст; бо амру фармуди ту навишта шудааст. Ба ҳар ранге гардад, аз дасти туст. Ба об занӣ, ба оташ афканӣ, ту донӣ. Туро донем, туро парастем ва баройи ту ҷон супорем. Омаданҳову рабуданҳову сўхтанҳову куштанҳо амонат бувад чунон ки мо бори амонати ту ҳастем дар рўйи замин; лозим шавад, бо ҳар роҳ бигирӣ. Воҷиб афтад, бо ҳар усул бубахшӣ. Эй бор Худо! Ту ҳозиру нозирӣ! Оё аз он баландиҳо боре дидӣ ё шунидӣ, ки мо боре аз роҳи офаридайи ту бероҳа шуда бошем ва ё муъминеро бероҳа намуда бошем? Ба ҷуз росту ростӣ ба касе чизе омўхта бошем ва талқин ба роҳи аҳриманӣ карда бошем? Оё дидайӣ ё шунидайӣ, ки тохт бар саройи бечорае оварда бошем ё ҳаққи касе хўрда бошем? Худоё, ту посух магў! Ҳар чӣ ҳаст, аз туст ва хости туст, инро посух зарурате надорад…
Агар бандаҳойи сарсупурдаат баду бадкирдор буданд, ҷони хеш дар хатар гузошта, кўҳ ба кўҳ аз Исфисор ба Масчоҳ меомаданд, ки сина бар тири душман сипар карда ин покбуми дар оташи суғдӣ гудохтаро дифоъ кунанд? Эй ягона офаридгор! Ту беҳуда душман нафиристӣ ба ин покбум. Яқин чизе гузашта аз мо, то бо расидани меҳмонони нохонда касон хешро бишиносанд ва иқрор кунанд, ки аз ў гузашта, дигар такрор нагардад; онҳо пушаймон гарданд, омурзиш пурсанд, «пўзиш аз ту» гўянд ва марз боз пок гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор