Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Гўё ҳамаро равшан гаштааст ин манзил ва сайёҳ – ҷосусони хориҷӣ кайҳо қиссайи ин паноҳгоҳро ошкор кардаанд. Султонбек намехоҳад, ки дар чунин мушхонаҳо бимирад. Балки болотар – ба лонайи уқобон наздиктар манзил гузиданист. Оббурдон дар баландист, аз он баландтар сари кўҳҳо.
мўлаҳо ва дидбонгоҳҳойи табиӣ. Як пари серангайи уқоб – сиёҳ, зардча ва сапед, бар каллапўши бекийи ў, ки гоҳ ба дастор гузарад ва гоҳе дар телпаки пўсти тиллоранги баррайи қарокўлӣ. Баройи Султонбек ҳамин чиз кифоя бувад ва карру фарри кўҳистонийи худро ба чизе иваз накунад. Баройи ў дунё вуҷуд надорад ҷуз Масчоҳ, ки болотар ва олитар аз ҳар ҷост. Кўҳаш баланд, лонайи уқобаш баланд, манзили нишасташ аз ҳазор маснаду тахти сохта баланд; ҳиммати мардумаш баланд, қомати мардумаш баланд…
Аз ин рў ҳар пасту дар пастиҳо умр ба сар бурда набояд ворид гардад ба тахти худодод. Нашудааст, ки пое ба ин буми сахту сангӣ қасдан расида, нашикаста, баргашта бошад.
«Намедонанд… Намедонанд он муттаҳамҳо… Агар донанд, ки дар ин марз мазори Масеҳоҷо ва Аълами Оламиён ҳаст, ҳеҷ гоҳ қадамашонро ба ин хоки муқаддас намегузоранд… Мо ҳам чизе намегўем ба онҳо… Биёянду ба чашмашон бинанд, ки уқобон дар куҷо лона мегузоранд, хирсҳо чун умр ба сар мебаранд. Ин ҷонварон ҳалолкоранд, поктар аз хунхорон, бомеҳртар аз инсон.
Худо ҳам тарафдори зўр, мо ҳам тарафдори зўр. Вале тавонгари бемурувват ва ноҷавонмардро касе дўст надорад. Саги бовафо хубтар аз каси пурҷафо…
Ё Раҳмон, бигўй, ки ин нохондаҳо кай пойи хеш бозмедоранд аз омадан ба ин марзу бум? Агар боре мо ба сарзамини эшон пой кўфта будем ва молу амволашонро рабуда будем, хонаашонро хароб ва луқма аз лабонашон рабуда будем, нони дасти кўдакашонро зўран гирифта ба тифли хеш дода будем, қадамошон муборак буд.
Вале кўҳистонӣ ҳеҷ гоҳ чунин накарда. Агар тавонистааст чун Спитамону Деваштич дар ин марз хокашро ҳифзу дифоъ карда.
Вале басе хунҳо рехтанд ағёрҳо, басо сарони бетани пиру барноро ғелонида шохобҳо ва бурда то Самарқанду Бухоро. Ва пасон ҳама чизро бурда: доройиву мол ва чўбу хирмани Кўҳистонро. Ва ҳолиё ният доранд, ки сангу ангиштсанг ва зарру сими ин ҷоро бубаранд.
Худоё! Магар ту ризқи эшонро аз мо фармуда будӣ? Эшон низ бар ҳукми ҷўгӣ ҳастанд? Даст кушода талабиданро ор, шамшер охтанро ифтихор медонанд? Худовандо! Бо ройи худат, бо роҳнамоийи худат нагузорам, ки пойи номуборак ва дасти сахт хунини онҳо бар ин покбум бирасад. Қисмати Ботурбек ҳанўз аз ёдҳо нарафта. Ҳанўз сари буридайи Деваштич аз Бағдод бознаомада.
Чаро Нақибхон ин чизро ба мардум намесарояд? Аллакай домони аскарони сурхро сахт тофтааст, ки Кўҳистонро ҳамвор бикунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор