Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Зери лаб ғурунгид сарҳанг, вале шоир, ки дуртар рафта буд, нашунид.
Дар чунин айёму авзоъ сўйи Панҷакати хушбоду ҳаво ва болооби Зарафшон лашкар кашидани русҳойи навруста бесабаб набувад. Мазмун, фавҷу дастаҳойи дар Кўҳистон ҷой гирифта аз ўҳдайи нобуд сохтани қувваҳойи таҳҷойӣ намебароянд. Фавҷи мададгор талаб кардаанд.
Султонбек сар бардоштааст дар Масчоҳ. Баъди бекҳойи зиёд аз қабили Ботури каллабур, ки хуб давр ронду мулкро ҳимоя карда натавониста, ба дигарон ҷуз тохтутоз чизе наомўхт, инак ин марди палоракӣ бо умеди кўҳистонро ҳимоя кардан ба сари
1 мардум зулми сегона меорад. Талотуме, ки Инқилоб барпо кардааст, аз ин ҳисоб берун. Султонбеки палоракӣ, ба умеди мадади аксулинқилобчиёни Фарғона ва балвогарони хомтамаъ ба Оббурдон кўч баст ва ин русторо маркази Масчоҳ донист ва инак бар зидди навкориҳойи ҳукумати инқилобӣ ҳаракат мекунад, то ин дарахти нав ба замин нишонда реша нагирад. Ин андеша аз назари онҳое, ки аз азал то имрўз ниёгон ва пешовандон аз ҷабру зулми мирон ва тозандагон ва ашрофу ағёр азоби алим кашида омадаанд. Аммо аз назари бекҳойи Масчоҳ халқ аз ҷабру зулми омадаҳо ва бегонагон ранҷ мебарад, ғорату мурда мегардад; онҳоро бояд ҳимоя кард. Мурдан бошад, дар ҳар ҳолат мемирад.
Душман мекушад, худованд мекушад, худашон гушнаву ташна мемиранд… Аз ҳамайи ин мурданҳо дар ҳимояйи Ватан миранд, авлотар бувад. Марги бошараф. Беҳтар аз он ки кўҳ ревоҷчинӣ рафта аз шах парида мурад ва гоҳи рамайи шубонеро рабудан аз зарби асойи шубон ҷон ба ҷонофарин супорад.
Оббурдон дар доманайи тал. Баъд аз дашти Сабағ ҳамвортарин ҷойи водийи камзамин аст ва ба назар марзи он ба тарафи офтобнамо мехамад. Шохоби Масеҳоҷо чунин хамиро ба инобат нагирифта, хингу нуқрафом ҷорӣ мегардад кўҳро аҷаб буридаву зер бурда, то аз тагобҳо, дараҳо ва сою сойчаҳо шаршарҳо ба миён оянд. Поёни деҳайи устувор бар марза хонаҳойи сангӣ зиёдтаранд аз гилӣ. Сафедорҳойи баланд дорад. Шафати ҳар хона хонаҳойи хурди сангдевор ҳаст ба ном тавила ё оғил ё молхона.
Дашти якбарайи поёну паҳлўйи деҳ орӣ аз дарахт буда, гандум, ҷав, зағир, боқила ва арзан киштаанд. Ва ҳоло ҳўб мегардонанду хирман мекўбанд, то душман нарасида ҳосил бардоранд. Андар соярўйи соҳили чапи рўд мол мечарад ва тамоми тагобу дараҳо авул дорад. Ва он сўйи рўд Мирнишин дорад – қалъайи бекҳойи Масчоҳ, ки таърихи ҳар беку бекча бо он вобаста аст. Вале чӣ
- Амирӣ, николайӣ, мирӣ аҷаб, ки Султонбек ба он гурезгоҳ, ки роҳи обгурезаш то лаби рўд мерасад, маъво гирифтанӣ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор