Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Савор ба касе нигоҳ накард, ба чизе эътибор надод, чашмаш ба Ёрмуҳаммад афтод, ки ду тан дошта меовардандаш. Гумонаш, ки беҳол аст ў, шах шуд пушти зин. Ангушт газид, то фарёд назанад ва аз асп зер шуд, пеши қўрбошӣ зону зад, мисли ҳама гуна зани лоилоҷ, модари зор тазаррўъ кард:
— Давлатат поянда бод, Ҳомидбек, Ёрмуҳаммадро раҳо бикун... рўи мурод аст, дасти писараш ҳалол нокарда...
Ҳомид-қўрбошӣ хандид:
— Худи ўро ҳалол бояд кард... Магар одами бамурод чунин рафтор кунад?
— Чӣ карда ў ба бек?
— Тир зада сўи лашкари мо.
— Ў тир назада, ман тир задам, Ҳомидбек...
Бовар накард Ҳомид-қўрбошӣ. Ба ҳамраҳонаш нигарист, ба Ёрмуҳаммад нигарист, ба зан нигарист.
— Дурўғ низ ҳадде дорад...
— Дурўғ не, бек, ман паррондам шуморо... барои гапи мардум, ки гўё шумо назаркарда ҳастед, дар тахтапуштатон панҷаи пайғамбарист; тир кора накунад, шамшер гарданатонро набуррад, шонаатон замин набинад... Имон овардам, ки рост аст... Ман он вақт гуфтанӣ будам, фурсат нашуд. Шумо ҷаҳд кардед... Вагарна чӣ монда, ки ба сари занӣ назди шумо оям?
Хомўши хомўш, ороми ором буд Дашти Маҳрў, касе намеёрист ҳарф занад, баландтар нафас кашад, атсаи омадаро бинӣ соида, дар димоғ мекуштанд, ҳама чашму гўш ба Ҳомид-қўрбошӣ доштанд, то чӣ гўяд.
— Рост мегўяд? – ба Ёрмўҳаммад рў овард Ҳомид-қўрбошӣ.
Ёрмуҳаммад, ки сар андохта, ба андеша рафта буд, саволи қўрбоширо пай набурд ва ё нашунида ангошт ва баъди нихтаи пояндаҳо ба худ омад:
— Ман паррондам!
— Бек, ў дурўғ гўяд барои наҷоти ман чунин кунад. Ҷазову сазо насиби ман аст, ўро раҳо кунед!
— Шуҷоъ метобӣ, зан.... Кистӣ? Аз кадом наҷодӣ?
— Ман Шарифаам, зани усто Қодир, ў фарзанди ман.
— Дурўғ гўяд! – хитоб кард Ёрмуҳаммад. – Ман писари ў наям... Ба наҷоти ман чунин гўяд... Ҷазо тани ман аст, ўро бигузоред ба роҳаш равад!
Баланд хандид Ҳомид-қўрбошӣ:
— Ҳа-ҳа! Ту рўбоҳӣ, ў – шағол!
— Ман барои тамасхури ту ба дунё наомадаам, қўрбошӣ! Моли нар барои корд аст!.. Касе, ки бими марг дорад, ба даст шамшер нагирад, касе ба ҷанг дарояд, ки гузар аз ҷон дорад.
— Рўбоҳ буданатро донистам... Сари девори қозӣ гуфтӣ, ки сари ҷанг надорӣ, ҳоло гўйӣ, ки касе ба ҷанг дарояд, ки гузар аз ҷон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор