Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Туро гуфтам, қўрбошӣ!
— Ман ҳам сари ҷанг надорам, ватанро ҳимоя кунам.
— …
— Пас, шумо чаро нияти якдигарро намефаҳмед? – миёна омад Шарифа.
— Зан, ба миёни гап лагат назан! Аз шумо мусулмонӣ набарояд, ҳарду дурўғ гўед: дурўғгў – душмани Худо, душмани ислом...
— Ҳо, дурўғгў – душмани Худо, бек... Ўро накуш, бек... ў низ назаркарда аст...
Ҳомид-қўрбошӣ баланд хандид ва якбора хомўш монд, ки шак меорад, ба ҳар сухан, шояд рост бошад. Ба Шарифа нигарист, ба Ёрмуҳаммад нигарист. Шарифа, ки ҳаёи занона дошт; сар хам медошт ё ба эхтироми қўрбошӣ ва ё барои зорӣ. Аммо сари Ёрмуҳаммад баланд буд; чунон меистод, ки аз касони ўро сахт дошта чанд сару гардан боло бошад. Хаёлаш ҳам ба дигар тараф банд буд: ба уфуқи гирифта, ба домони кашоли боронии абри сари кўхҳо ва аз дил мегузаронд, ки чаро инсон аз зери биниаш дуртарро дида натавонад ва агар дидан хоҳад, пеши назар деворе ғузоранд, ки на дида шавад, на гузашта. Хомўшӣ. Гўё ҳама андеша доранд, табиат ҳам, вале шип-шипи донаҳои борон, садои хастаи рўди Зарафшон халалгор хомўширо, то бепарво набошанд.
Ҳомид-қўрбошӣ гўйӣ аввалин бор ба андеша фурў рафт: ба назар масъалаи ҳаёту мамотро ҳал мекард: чашмонаш худ аз худ танг шуда, тангтар шуда, ки нишони тазйиқи дил бошад; танг мешуд дилаш, тангтар мешуданд чашмонаш. Лабонаш ҷунбидаву парида, мўйлабаш нимдоираву камонак мегашт. Чизе фармуданӣ буд; ё сухани мувофиқ намеёфт ё гуфта наметавонист. Сахт нигарист ин бор ба зан. Чашмони тезаш ба пиндораш бояд дилу ҷигари занро сўрох мекард. Аммо Шарифа ба нигоҳи пармасои ў эътиборе надод.
— Эй зан!
Қўрбошӣ пиндошт, ки зан ба садои ў гирифтор шавад ва даст пеши бар лаббай бигўяд, аммо ҷавобе нагирифт. Аз чунин рафтори зан ў дар газаб шуд ва баланд гуфт:
— Ту донӣ, ки дар як қаламрав ду бек нағунҷад?!
— Ман инро донам, бек... Барои ҳамин гуфтам, ки Ёрмуҳаммадро раҳо бикун... Вай нияти бек ё мир шуданро надорад.
— Агар чунин ният надорад, чаро ўро раҳо кунам? Ўро сар бояд гирифт...
— Сухан ҳайф накунед, Бишарифа, ман аз мурдан натарсам...
Мурдан ҷоиз бошад, мардона бояд бимурд... Ман қўрбоширо ба ҷанги тан ба тан мехонам...
— Ҳо-ҳо-ҳо!
Садои хандаи ўро замин фурў кашид... ў ғазаб кард:
— Рўбаҳ ба шер панҷа задан дорад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор